Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷуда Ҷабборова. Зане, ки забони гӯё надорад, вале бо ҳама "забон" меёбад. ВИДЕО


Достони зане, ки забон надорад, вале ҳунарманд аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Мавҷуда Ҷабборова, сокини 47-солаи шаҳри Кӯлоб, дар мактаби рассомӣ кор мекунад. Ӯ забони гӯё надорад, вале бо ҳама, аз ҷумла шогирдон, "забон" меёбад.

Дар ҳоли ҳозир ба бист наврас сураткашӣ меомӯзонад. Чаҳор нафари онҳо ба мисли худаш аз забони гӯё маҳруманд, аммо дигарон гап зада метавонанд.

Хонум Ҷабборова мегӯяд, як туҳфаи падараш дар ду даҳаи пеш ӯро ба сураткашӣ моил кард ва аз ин ки ҳоло бо ҳунари худ нон меёбаду дастнигари касе нест, хушҳол аст. Вай бо забони имову ишора гуфт, "падарам дар хурдӣ 20 қалам харида буд. Аз ҳамон вақт корро оғоз кардам. Аз падарам миннатдор ҳастам."

Ин зан то соли 2017 дар шуъбаи меъмории шаҳри Кӯлоб аз мутахассисони муҳими коргоҳ ба шумор мерафт. Тамоми лоиҳаҳои асосии шаҳрсозиро бо маҳорати хос бо дастонаш мекашид.

Аммо маоши кам ва пайдо шудани барномаҳои компютерии нақшакашӣ ӯро аз ин кор дур кард. Акнун дар мактаби кӯдаконаи рассомии шаҳри Кӯлоб омӯзгор аст.

Парвина Мирзоева, яке аз шогирдонаш, гуфт, "ҳамсояамон нақл кард, ки дар мактаби рассомӣ дарс мехонад. Аз падарам пурсидам, ӯ розигӣ дод ва ҳамроҳи ҳамсинфам ба мактаби рассомӣ омадам. Гапзаниро бо забони муаллима аз ҳамсинфам омӯхтам."

Мавҷуда Ҷабборова 47 сол дорад, шавҳар накардааст, вале кӯдаконро дӯст медорад. Талош мекунад, кӯдакони маҳрум аз забони гӯёро пайдо карда, ба мактаби рассомӣ оварад. Мехоҳад, онҳо забони тавсир дошта бошанд ва дар оянда азоб накашанд.

Ҳарчанд аз кори омӯзгорӣ 500 сомонӣ маош мегирад, ин корро мегӯяд, аз сидқ анҷом медиҳад. Ҳоло ӯ ба ҷуз аз рассомӣ, нақшакашӣ, омӯзгорӣ ва дӯзандагӣ мекунад.

Мавҷуда Ҷабборова мегӯяд, дар аввал кораш қадр намешуд, акнун ҳис мекунад, ки ҳунараш қадрдонӣ мешавад ва аз ин ҳисоб зиндагиашро мечархонад.

XS
SM
MD
LG