Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар садри ҷадвали Лигаи олӣ қарор доранд


Дастаҳои футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Баъди танаффуси якмоҳа мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 24-ум, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр доир гардид, аз сар гирифта шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ ба «Эсхата»-и Хуҷанд ғолиб омад.

Дар ду бозии дигари даври 24-ум «Равшан»-и Кӯлоб дастаи меҳмон - Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 2:1 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар бозии хонагиаш тими «Душанбе»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:1 ноком карданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври 24-ум дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 55 имтиёз пешсаф аст. «Хуҷанд» бо 45 имтиёз дар ҷойи дувум ва КМВА бо 36 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

«Истиқлол», ки аз «Хуҷанд» даҳ имтиёз бештар гирифтааст, имсол ҳам то охири мавсим барои рақибонаш дастнорас хоҳад монд. «Хуҷанд» боз медалҳои нуқраро азони худ хоҳад кард. Барои медалҳои биринҷӣ се даста – КМВА, «Хатлон» ва «Истаравшан» талош доранд.

Бозиҳои даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 19, 20 ва 21-уми ноябр баргузор мешаванд. 19-уми ноябр «Файзканд» бо «Кӯктош», 20-уми ноябр «Эсхата» бо «Истаравшан», КМВА бо «Хатлон» ва 21-уми ноябр «Хуҷанд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).

3-юми октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошобин.

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 – аз пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 62 (1:2).

3-юми ноябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7300 тамошобин.

«Истиқлол» – КМВА – 3:1

Голҳо: Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 15 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 21 – аз пеналти (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

3-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 550 тамошобин.

«Кӯктош» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 16 (1:0). Азизбек Султонов, 26 (2:0). Ҷамшед Муродов, 75 (2:1). Амирҷон Сафаров, 82 (3:1).

4-уми ноябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1500 тамошобин.

«Равшан» – «Файзканд» – 2:1

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 26 (1:0). Анвар Муродов, 43 (1:1). Эффаҳ Кингслей Осей, 88 (2:1).

4-уми ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

22

17

4

1

60-8

55

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

14

3

5

45-22

45

3

КМВА (Душанбе)

23

10

6

7

34-29

36

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

23

9

5

9

25-24

32

5

«Хатлон» (Бохтар)

23

9

5

9

25-28

32

6

«Равшан» (Кӯлоб)

23

7

8

8

24-27

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

23

8

3

12

30-42

27

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

23

6

5

12

34-51

23

9

«Файзканд» (Восеъ)

23

5

5

13

16-31

20

10

«Душанбе» (Душанбе)

23

4

6

13

22-53

18

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-голӣ, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 8-голӣ.

XS
SM
MD
LG