Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021: "Истиқлол" – "Эсхата" ва "Хуҷанд" - "Равшан"


Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои истироҳат, 6-7-уми ноябр, баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи шанбе, 6-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе бо «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат мекунад.

Бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе, 7-уми ноябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан»-и Кӯлоб баргузор мешавад. Ҳарду бозӣ соати 14:30 оғоз меёбад.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27-ум ва 28-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Тибқи низомнома нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат аст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Нимфинал. Бозиҳои аввал

6-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:30

«Истиқлол» – «Эсхата»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

7-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:30

«Хуҷанд» – «Равшан»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG