Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Baku Grand Slam 2021"


Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, шаш паҳлавони тоҷик ширкат меварзад.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти "Baku Grand Slam 2021" ширкати 198 варзишгар (130 мард ва 68 зан) аз 30 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ мекунад: Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Хушвақт Идиев (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-81 кг), Амирҷони Насимҷон (-90 кг),
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Рӯзи ҷумъаи 5-уми ноябр занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – вориди рақобатҳо мешаванд. Рӯзи шанбеи 6-уми ноябр барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва ду вазн: 73 ва 81 кг байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 7-уми ноябр бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Барои ҷойи 1-ум 5000 евро, ҷойи 2-юм - 3000 евро, ҷойҳои 3-юм – 1500-евроӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро ду сол пеш дар “Baku Grand Slam 2019” ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ карда буданд.

Сомон дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз гуштигири муғул Батболд Булган шикаст хӯрд. Комроншоҳ низ ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ қувваозмоиро дар вазни зери 90 кило ба Саид Эмӣ Жамбекови русиягӣ бохт.

XS
SM
MD
LG