Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҳафтаи ғайрикорӣ оғоз шуд, вале сирояти СОVID авҷ гирифт. ВИДЕО


Яке аз бемористонҳои Русия
Яке аз бемористонҳои Русия

Рӯзи сеюм аст, ки дар Русия пайиҳам зиёда аз 40 ҳазор мубталои коронавирусро сабт мекунанд. Вирус дар 24 соати гузашта дар ин кишвар беш аз ҳазор нафарро куштааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми ноябр бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир дар Русия ҳафтаи ғайрикорӣ оғоз шуд.

Дар Маскав, ки аз 28-уми октябр қисман маҳдудият ҷорӣ шуд, рӯзи душанбе бемории COVID-19 ба беш аз ҳафт ҳазор кас сироят кардааст.

Шахсони аз 60-сола боло, ки ваксина нагирифтаанд, бояд чаҳор моҳ дар хона бишинанд ва марказҳои савдо, ба ҷуз аз дорухонаҳо ва фурӯшгоҳҳои хурокворӣ, то 7-уми ноябр баста мемонанд. Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо, хиёбонҳои Маскав ба мисли рӯзҳои пеш пуродам аст. Бисёре аз роҳгузарон ба хабаргузории “Рейтерз” гуфтаанд, ба гумон аст, ки маҳдудиятҳо боиси коҳиши беморӣ шавад.

Андрей Неменов, сокини Маскав, гуфтааст, “фикр мекунам, маҳдудиятҳо тамоман кумак намекунанд. Умуман бовар надорам, ки чунин маҳдудиятҳо чизеро дигар кунанд. Дар ҳафтаи ғайрикорӣ одамон кор мекунанд.”

Даря Кожевникова мегӯяд, “ба фикрам, агар воқеан ҳама дар хона нишинад, ба ҷое наравад, ба мисли Миср, Туркия, Дубай ва Малдив, шояд таъсир расонад.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Бархе аз мусоҳибон ба таъсири воқеии маҳдудиятҳо бовар доранд. Денис Лазарев, сокини пойтахти Русия, гуфт: “Фикр мекунам, эълони маҳдудият кор медиҳад, чун дидам, ки бисёре аз одамон намехоҳанд ваксина бигиранд. Бовар дорам, одамон дар ниҳоят ваксина мегиранд, чун дар метро касе ниқоби тиббӣ надорад. Бисёриҳо мисле рафтор мекунанд, ки гуё вирус вуҷуд надорад.”

“Ман фикр мекунам, ки кор медиҳад. Ҳукуматдорон ғами сиҳатии мардумро мехӯранд. Бояд аз ин тасмим пуштибонӣ кард. Ман фикр мекунам, ин кори дуруст аст”, -- бовар дорад Александр Беляков, сокини Маскав.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, рӯзи якшанбе, 31-уми октябр гуфт, эмкунӣ миёни аҳолӣ дар муқоиса ба моҳи август 4-5 баробар афзудааст.

XS
SM
MD
LG