Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми октябр дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Қасри «Ак Барс»-и Қазон бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 36 кишвар аз рӯи усулҳои озод ва классикӣ доир гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо се нафар - Меҳроҷ Рабиев дар вазни 57 кило, Кароматулло Қурбонов дар вазни 62 кило ва Беҳрӯз Гулмаҳмадзода дар вазни 90 кило – барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ёдовар мешавем, дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Тотористон доир шуд, варзишгарони тоҷик
дар сабқати гуштии камарбандӣ соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд. Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило ҷойҳои севумро ишғол намуданд.

XS
SM
MD
LG