Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон шуданд


Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ
Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон ва занон, ки аз 25-ум то 31-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии шатранҷбозони душанбегӣ Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ба поён расид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон 52 шатранҷбоз (35 мард, 17 зан) аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ширкат доштанд.

Дар сабқати мардон устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт. Анвар Юнусов аз вилояти Хатлон барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Аҳмад Афзалзода аз вилояти Суғд, ки ҷойи севумро гирифт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар сабқати занон Мутриба Ҳотамӣ мақоми аввалро касб намуда, барандаи медали тилло шуд. Медали нуқра насиби Рухшона Саидова аз вилояти Суғд гардид. Медали биринҷиро Амина Мазҳабоваи душанбегӣ азони худ кард.

XS
SM
MD
LG