Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи ҳашт варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербия ноком шуданд


Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев, ҳарду варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар шаҳри Белгради Сербия рӯзи 1-уми ноябр дар 1/8 финал шикаст хӯрданд. Ҳамин тариқ, ҳамаи ҳашт муштзани тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молии мусобиқа маҳрум шуданд.

Баҳодур Усмонов, ки дар 1/16 финал дар вазни то 63,5 кило Иля Шокирови русиягиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Сомчай Вонгсуван аз Тайланд бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.

Шаббос Неъматуллоев, ки дар вазни то 80 кило дар даври аввал бар намояндаи Олмон Силвио Шерли бо ҳисоби 3:2 ва дар даври дувум бар Самуэл Камара аз Сйерра-Леоне бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб омад, дар 1/8 финал аз Кейлан Кассиди аз Ирландия бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.​

Ёдовар мешавем, қаблан Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило аз Йилмар Гонзалез (Колумбия), Саидикром Амонов дар вазни то 67 кило аз Мартин Скогҳейм (Норвегия), Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило аз Ҷамар Талли (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило шикаст хӯрда буданд.

Абдураҳмон Ёқубов, ки дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кило бар Роланд Вереш (Маҷористон ё Венгрия) бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд.

Ҷаҳон Қурбонов, ки дар нахустин рақобати худ дар вазни беш аз 92 кило бар намояндаи Кения Элли Очола бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда буд, дар 1/8 финал қувваозмоиро ба Наренда аз Ҳиндустон бохт.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар шаҳри Белгради Сербия, ки 24-уми октябр оғоз шуд, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар қаҳрамонии ҷаҳон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат мекунанд.

Бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, ба ҷуз аз медал бо ҷоизапулӣ мутаносибан дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Мусобиқаҳои пешакии қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белгради Сербия дар “Штарк Арена” 2-юми ноябр ба анҷом мерасанд. 3-юми ноябр рӯзи истироҳат аст. Қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ 4-уми ноябр ва финал рӯзҳои 5-6-уми ноябр баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG