Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания"-и Душанбе бори сеюм ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд


Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар бозии панҷум ва хотимавии силсилаи ниҳоӣ тими «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 гардид. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, голҳои Файзалӣ Сардоров ва Муҳаммад Шарипов дар бозии ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ ба бошгоҳи шаҳри Душанбе пирӯзӣ овард. Дастаи «Соро компания» ба ин дастовард бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов машарраф шуд.

Ба ин тартиб, «Соро компания» бори сеюм қаҳрамони футзали Тоҷикистон гардид. Аз ин пеш бошгоҳи ин душанбегӣ солҳои 2018 ва 2019 бо мадалҳои тиллои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мукофотонида шуда буд.

Аз рӯи натиҷагирии мавсими имсолаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дастаи «Сипар» бо медалҳои нуқра сарфароз гардид. Медалҳои биринҷӣ ба дастаи «Пойтахт» супурда шуд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Финал. Бозии панҷум

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:1

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 8 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 15 (2:0). Вахтанг Кекелия, 16 (2:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Маҳдӣ Мустафо («Соро компания»).

Доварон: Анатолий Рубаков, Никита Афиногенов (ҳарду аз Узбекистон).

Комиссари бозӣ: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

30-юми октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.

Ҳисоб дар силсилаи бозиҳо – 3:2.

XS
SM
MD
LG