Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба дарвозаи Непал 6 голи беҷавоб зад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23)
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23)

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” тими Непалро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Бозии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ва Непал шаби 28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев (дақиқаи 24-ум), Шарафҷон Солеҳов (32), Рустам Соиров (40) дар нимаи аввали дидор, Муҳаммадалӣ Азизбоев (61), Ваҳдат Ҳанонов (68, аз пеналти) ва Эмомалӣ Аҳмадхон (72) дар нимаи дуюм ба самар расониданд.

Пеш аз бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби олимпии Эрон ва Лубнон рақобат карданд. Футболбозони ҷавони эронӣ ба дарвозаи лубнониҳо ду голи беҷавоб заданд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Эрон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Тоҷикистон мақоми аввал ва мунтахаби Эрон мақоми дуюмро касб кардаанд. Дастаҳои мунтахаби Лубнон ва Непал бидуни имтиёз дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.

Дар даври сеюми мусобиқаи гурӯҳи “В”, ки рӯзи якшанбе, 31-уми октябр, баргузор мешавад, нахуст Лубнон бо Непал ва баъдан Тоҷикистон бо Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия дар гурӯҳи «G» рақобат доранд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор бозӣ мекунанд.

Дар бозии аввал, ки 26-уми октябр доир гардид, австралиягиҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Индонезия ва Австралия 29-уми октябр баргузор мешавад.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд. Мунтахаби Узбекистон ба ба ҳайси мизбон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шудааст.

Дар бозии охирин муқобили тими Эрон мунтахаби олимпии Тоҷикистонро барои ғолиби гурӯҳ шудан натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, вале ба эрониҳо танҳо пирӯзӣ зарур аст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Непал – Тоҷикистон – 0:6

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 24 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 32 (0:2). Рустам Соиров, 39 (0:3). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 61 (0:4). Ваҳдат Ҳанонов, 68 – аз пеналти (0:5). Эмомалӣ Аҳмадхон, 72 (0:6).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров (Хуршед Абдуллоев, 46), Ваҳдат Ҳанонов (Муҳаммадҷон Насков, 70), Алиҷон Кароматуллозода, Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев (Шоҳрух Сангов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе (Сорбон Авғонов, 43), Рустам Соиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 60).

Сардовар: Умар Исам Ашконанӣ (Кувайт).

28-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4500 тамошобин.

ЛубнонЭрон – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

7-0

6

2

Эрон

2

2

0

0

6-0

6

3

Лубнон

2

0

0

2

0-3

0

4

Непал

2

0

0

2

0-10

0

Даври 3-юм

31-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Непал

19:00 – Эрон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG