Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии футболи Австралия дар бозии аввал Индонезияро мағлуб кард


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Австралия.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Австралия.

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Австралия (U-23) дар бозии аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “G” тими Индонезияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Бозии аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Австралия ва Индонезия дар гурӯҳи “G” 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Дар ин гурӯҳ ду дастаи мунтахаб - Австралия ва Индонезия – иштирок доранд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор рақобат мекунанд. Бозии дувуми ин дастаҳо рӯзи ҷумъа, 29-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки аз ин гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат мегирад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гурӯҳи «G». Даври 1-ум

Индонезия – Австралия – 2:3

26-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби олимпӣ дар ҷадвали гурӯҳи “G

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Австралия

1

1

0

0

3-2

3

2

Индонезия

1

0

0

1

2-3

0

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 25-уми октябр дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” тими Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 87-ум ба самар расонид.

Ба гурӯҳи “В” ба ғайр аз мунтахабҳои Тоҷикистону Лубнон, дастаҳои олимпии Непалу Эрон шомиланд. Дар нахустин бозии даври аввал миёни ин ду тим, ки 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир гардид, футболбозони ҷавони эронӣ ба дарвозаи непалиҳо чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби олимпии Эрон ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Эрон мақоми аввал ва мунтахаби Тоҷикистон мақоми дувумро касб кардаанд. Дастаҳои мунтахаби Лубнон ва Непал бидуни имтиёз дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳи “В”, ки 28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, нахуст Эрон бо Лубнон ва баъдан Тоҷикистон бо Непал бозӣ хоҳанд кард.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Тоҷикистон Лубнон 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 87.

25-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4200 тамошобин.

Эрон – Непал – 4:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

4-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Лубнон

1

0

0

1

0-1

0

4

Непал

1

0

0

1

0-4

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

28-уми октябр (панҷшанбе)

16:00 – Лубнон – Эрон

19:00 – Непал – Тоҷикистон

Даври 3-юм

31-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Непал

19:00 – Эрон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG