Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар Лубнон


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” тими Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Бозии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ва Лубнон дар гурӯҳи “В” 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Голи ягонаро ҳимоятгари марказии мизбонон Ваҳдат Ҳанонов дар охири дидор, дар дақиқаи 87-ум, ба самар расонид. Вай тӯбро аз дохили ҷаримагоҳи меҳмонон, аз масофаи наздик ба дарвозаи лубнониҳо ворид кард.

Бозӣ комилан бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик гузашт. Онҳо пайваста ҳуҷум мекарданд, меҳмонон бошанд, аслан аз паи ҳимояи дарвозаашон буданд. Бинобар ин, онҳо ба хатти дифоъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд.

Дар нимаи аввали дидор мунтахаби Тоҷикистон ду лаҳзаи хуби голзанӣ дошт. Дар дақиқаи 12-ум тӯби бо зарбаи сар задаи Шервонӣ Мабатшоев аз назди сутуни дарвоза гузашта, аз майдон берун шуд. Дар дақиқаи 21-ум Рустам Соиров бо дарвозабони мунтахаби Лубнон як ба як баромад, вале натавонист тӯбро ба ҳадаф расонад.

Ба гурӯҳи “В” ба ғайр аз мунтахабҳои Тоҷикистону Лубнон, дастаҳои олимпии Непалу Эрон шомиланд. Дар нахустин бозии даври аввал миёни ин ду тим, ки рӯзи душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир гардид, футболбозони ҷавони эронӣ ба дарвозаи непалиҳо чаҳор голи беҷавоб заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби олимпии Эрон ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Эрон мақоми аввал ва мунтахаби Тоҷикистон мақоми дувумро касб кардаанд. Дастаҳои мунтахаби Лубнон ва Непал бидуни имтиёз дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳи “В”, ки 28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, нахуст Эрон бо Лубнон ва баъдан Тоҷикистон бо Непал бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия доир мегарданд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор – рӯзҳои 27-ум ва 30-юми октябр - рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Тоҷикистон – Лубнон – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 87.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев, Ислом Зоиров (Сорбон Авғонов, 73), Далер Ёдгоров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 81), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.

Беҳтарин бозигари дидор: Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон).

Сардовар: Рован Орумуғон (Ҳиндустон).

25-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4200 тамошобин.

Эрон – Непал – 4:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

4-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Лубнон

1

0

0

1

0-1

0

4

Непал

1

0

0

1

0-4

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

28-уми октябр (панҷшанбе)

16:00 – Лубнон – Эрон

19:00 – Непал – Тоҷикистон

Даври 3-юм

31-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Непал

19:00 – Эрон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG