Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 бо Лубнон


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23).
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23).

Шоми имрӯз, 25-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахабии олимпии футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи “В” оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии нахустинаш бо тими Лубнон рақобат мекунад. Бозӣ соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ба гурӯҳи “В” ба ғайр аз мунтахабҳои Тоҷикистону Лубнон, дастаҳои олимпии Непалу Эрон шомиланд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 28-уми октябр бо мунтахаби Непал ва даври охирини мусобиқаи интихобӣ 31-уми октябр бо тими Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия баргузор мешаванд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор – рӯзҳои 27-ум ва 30-юми октябр - рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG