Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд


Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист рӯзҳои 10-20-уми марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд доир мегашт, ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Шӯрои олимпии Осиё бо ирсоли паём ба кумитаҳои миллии олимпӣ хабар дод, ки ин тасмим бо дархости ҷониби Тайланд гирифта шуд.

“19-уми октябри соли 2021 аз президенти Кумитаи миллии олимпии Тайланд Правит Вонгсуван нома гирифтем, ки хоҳиш кардааст, Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 10-19-уми марти соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, ба моҳи ноябри соли 2023 гузаронида шавад”, – омадааст дар паёми Шӯрои олимпии Осиё.

Кумитаи олимпии Тайланд, ҳамчунин ду вариантро барои баргузории бозиҳо пешниҳод намудааст: аз 10-ум то 19-уми ноябри соли 2023 ё аз 17-ум то 26-уми ноябри соли 2023.

Пас аз баррасии тақвими чорабиниҳо дар соли 2023 ва вазъи кунунии ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19, Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё тариқи овоздиҳии фосилавӣ 19-уми октябр қарор қабул кард, ки Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ рӯзҳои 17-26-уми ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шавад.

Ин дуюмин маротиба аст, ки Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба вақти дигар гузаронида мешавад. Дар аввал қарор буд бозиҳо соли 2021 аз 21-ум то 30-юми май доир гардад, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 моҳи январи соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд.

Ба барномаи Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ 29 риштаи варзиш, инчунин ду намуди намоишӣ ворид гардидааст.

Зимнан, Бангкок соли 2005 аввалин Бозиҳои осиёиро дар иншооти сарпӯшида ва соли 2009 Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размиро (ҳар ду бозиҳо соли 2013 муттаҳид шуданд) мизбонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG