Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи "Регар-ТадАз".
Дастаи "Регар-ТадАз".

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ин даста дар бозии даври охирин дар майдони худ тими “Саройкамар-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби бузурги 7:2 мағлуб кард.

Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки дар 22 бозӣ 58 имтиёз гирифтанд, дар ҷадвали мусобиқа зинаи аввалро касб карданд. Ҳамин тариқ, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон баъди як сол боз ба лигаи олӣ баргашт.

“Равшан”-и ноҳияи Зафаробод, ки 51 имтиёз ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро ишғол намуд. Зафарободиҳо, ки дар даври охирин дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд. «Равшан»-и Зафаробод бори аввал соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.

Зимнан, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо раҳбарии Ҳикмат Фузайлов ва “Равшан”-и Зафаробод бо сарварии бародари ӯ Раҳматулло ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои он ки соли оянда дар мусобиқаи лигаи олӣ иштирок кунанд, бояд аз иҷозатномадиҳӣ (лицензирование) гузаранд.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро азони худ кард, барандаи медалҳои биринҷӣ шуд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Натиҷаҳои бозиҳои даври 22-юм:

“Равшан” – “Ҳосилот” – 2:1

“Ваҳдат” – “Барқчӣ” – 0:5

“Панҷшер” – “Пахтакор” – 3:0

“Регар-ТадАЗ” – “Саройкамар” – 7:2

“Динамо” – “Исфара” – 14:1

“Моҳир” – “Ҳулбук” – 4:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

18

4

0

70-22

58

2

«Равшан» (Зафаробод)

22

16

3

3

60-18

51

3

«Ҳосилот» (Фархор)

22

15

4

3

43-21

49

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

22

13

5

4

43-21

44

5

«Динамо» (Душанбе)

22

12

4

6

71-22

40

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

22

6

7

9

35-33

25

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

22

6

6

10

32-32

24

8

«Саройкамар» (Панҷ)

22

6

5

11

32-48

23

9

«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

22

5

4

13

40-59

19

10

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

22

3

6

13

19-57

15

11

«Моҳир» (Ёвон)

22

3

4

15

22-63

13

12

«Исфара» (Исфара)

22

2

2

18

16-87

6

XS
SM
MD
LG