Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиш: тири силоҳе, ки Алек Болдуин ба кор бурд, воқеӣ буд


Алек Болдуин, ҳунарпешаи ҷоизадор ва маъруфи амрикоӣ ҳамон замон дар додгоҳ ҳозир шуд ва гуфт, ки аз кушта шудаи ҳамкораш дилшикаста шудааст
Алек Болдуин, ҳунарпешаи ҷоизадор ва маъруфи амрикоӣ ҳамон замон дар додгоҳ ҳозир шуд ва гуфт, ки аз кушта шудаи ҳамкораш дилшикаста шудааст

Тафтиши пешакии қазияи кушта шудани наворбардори украинӣ Ҳалина Ҳатчинс нишон дод, ки силоҳи аз ҷониби ҳунарпешаи амрикоӣ Алек Болдуин истифодашуда бо тири воқеӣ пур карда шуда буд. Дар ин бора матбуот шоми 22-юми октябр бар пояи санадҳои додгоҳӣ хабар дод. Муовини коргардон ба дасти ҳунарпеша Болдуин силоҳро дода гуфт, ки он барои истифода бехатар мебошад, вале дар натиҷа боиси кушта шудани Ҳатчинс шуд. Хабаргузориҳо бо такя ба маводи додгоҳии шаҳри Санта Фе дар аёлати Ню Мексико навиштанд, ки ёвари коргардон ҳангоме силоҳро ба дасти Болдуин медод гуфт, “силоҳ сард аст”. Ин ба маънои амну бехатар будани он мебошад. Дар идомаи тафтиши пешакӣ муфаттиши идораи полиси Санта Фе навиштааст, ки ёвари коргардон хабар надошт, ки дар дохили силоҳ тирҳои воқеӣ ҷой дода шудаанд.

Тири силоҳ ба синаи Ҳатчинс зад, коргарон Ҷоел Соуса, ки дар пушти ӯ истода буд, ба китфаш тир хӯрд. Тафтиши ҳаматарфаи ин қазия, ки рӯзи 21-уми октяр ба ҳангоми наворгирии филме бо номи “Зангбаста” рух дод, шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG