Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии FIFA чор зина боло шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 21-уми октябр дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, чор зина боло шуд ва дар байни 210 кишвар бо 1157 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор гирифт.

Дар ин феҳрист мисли пешин Белгия бо 1832 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1820 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. Фаронса, қаҳрамони феълии ҷаҳон, баъди пирӯзӣ дар Лигаи миллатҳо бо 1779 имтиёз ба зинаи севум баромад. Ба панҷгонаи аввал Италия ва Англия бо 1750-имтиёзӣ шомиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дохиланд, мақоми 20-умро соҳиб гаштааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1545 имтиёз дар зинаи 22-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 28-ум, 1517 имтиёз) ва Австралия севум (дар ҷаҳон 34-ум, 1489 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (26-ум, 1527 имтиёз), Русия (33-юм, 1497 имтиёз) ва Узбекистон (84-ум, 1279 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Озарбойҷон (119-ум), Қазоқистон (125-ум), Туркманистон (131-ум), Литва (135-ум), Латвия (136-ум) ва Молдова (181-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (84-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Радабандӣ ё рейтинги FIFA аз 21-уми октябри соли 2021

Даҳгонаи аввал:

(1). Белгия – 1832 имтиёз

(2). Бразилия - 1820

(4). Фаронса - 1779

(5). Италия - 1750

(3). Англия - 1750

(6). Аргентина - 1738

(8). Испания - 1687

(7). Португалия - 1681

(9). Мексика - 1673

(10). Дания - 1668

Кишварҳои ИДМ:

Украина - 1527 имтиёз – ҷойи 26-ум (ҷойи 27-ум дар радабандии пешин).

Русия - 1497 - 33 (37).

Узбекистон - 1279 - 84 (84).

Арманистон - 1257 - 89 (89).

Гурҷистон- 1243 - 93 (96).

Беларус - 1233 - 95 (90).

Қирғизистон - 1230 - 96 (98).

Эстония - 1184 - 105 (111).

Тоҷикистон - 1157 - 114 (118).

Озарбойҷон - 1146 - 119 (127).

Қазоқистон - 1137 - 125 (120).

Туркманистон - 1117 - 131 (130).

Литва - 1097 - 135 (137).

Латвия - 1084 - 136 (135).

Молдова - 933 - 181 (180).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қазоқистон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 16-уми ноябр дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад.

Қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қазоқистон чаҳор маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Футболбозони қазоқ се бор пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Мунтахаби Қазоқистон моҳи октябр бо раҳбарии сармураббӣ Талгат Байсуфинов дар ду бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар майдони худ аз тимҳои миллии Босния ва Ҳерсеговин ва Финляндия бо ҳисоби якхелаи 0:2 мағлуб шуд.

Бояд гуфт, ки баъди истеъфои Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон беш аз чаҳор моҳ гузашт, вале то ҳоло ба ин симат касе таъйин нашудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG