Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Индонезия мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстона аз тими олимпии Индонезия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 шоми сешанбеи 19-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошобинон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ доир гардид. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ Шервонӣ Мабатшоев, бозигари мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар дақиқаи 5-ум ҳисобро кушод. Баъдан ду голи меҳмононро Ханис Сагара Путра дар дақиқаи 35-ум ва Амируддин Багус Кахфӣ дар дақиқаи 64-ум ба самар расониданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагиаш ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 чаҳор бозии дӯстона анҷом дод. Пеш аз ин шогирдони Мубин Эргашев се бозиро бо дастаҳои Баҳрайн (0:0, 2:2) ва Ветнам (1:1) мусовӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои “Лубнон” (25-уми октябр), Непал (28-уми октябр) ва Эрон (31-уми октябр) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия баргузор мешаванд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор – рӯзҳои 27-ум ва 30-юми октябр - рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-23) – Индонезия (U-23) – 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 5 (1:0). Ханис Сагара Путра, 35 (1:1). Амируддин Багус Кахфӣ, 64 (1:2).

Тоҷикистон (U-23): Муҳриддин Ҳасанов, Наимҷон Иброҳимзода (Шоҳрух Сангов, 46), Ваҳдат Ҳанонов (Исроил Холов, 82), Манучеҳр Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Муҳаммад Насков, 69), Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 69), Шервонӣ Мабатшоев (Сорбон Авғонов, 46), Далер Ёдгоров (Хуршед Абдуллоев, 69), Эмомалӣ Аҳмадхон (Абдулмуъмин Забиров, 46), Ислом Зоиров (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 46), Рустам Соиров (Шарафҷон Солеҳов, 82).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

19-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG