Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 дар Олимпияи Юнон фурӯзон шуд


Рӯзи 18-уми октябр дар шаҳраки Олимпияи Юнон оташи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фурӯзон карда шуд. Ин оғози сафари оташи олимпӣ ба Чин қабл аз 100 рӯзи саршавии бозиҳо мебошад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, оташи олимпӣ ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ арзишҳои олимпизмро ба ҳамаи онҳое, ки онро дар сафараш мебинанд, мерасонад. Оташе, ки дар байни мухлисони варзишҳои зимистона дар ҷаҳон интизорӣ, ҳамзамон ба ҳазорон варзишгаре, ки омодагии охирини худро ба ин бозиҳо анҷом медиҳанд, илҳом мебахшад.

Бо дарназардошти чораҳои муқовимат бо COVID-19, маросими оташафрӯзӣ дар Олимпия бо ширкати маҳдуди ҳайатҳо доир шуд.

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зимни суханронӣ дар ин маросим, ба таври возеҳ изҳор намуд, ки Бозиҳои олимпӣ ҳамеша дар болои низоъ қарор дошт:

“Дар ҷаҳони нозуки мо, ки дар он тақсимот, низоъ ва нобоварӣ афзоиш меёбад, Бозиҳои олимпӣ ҳамеша пулҳо месозад. Бозиҳо ҳеҷ гоҳ девор намесозад. Бозиҳои олимпӣ наметавонад ҳамаи мушкилоти ҷаҳони моро ҳал кунад. Аммо Бозиҳои олимпӣ барои ҷаҳон намунаи эҳтироми якдигарро мерос гузошт. Бозиҳо ба ҳалли мушкилот тавассути дӯстӣ ва ҳамбастагӣ илҳом мебахшад ва пулҳо месозад, ки боиси фаҳмиши беҳтар ва дӯстии байни одамон мешавад. Ин як паёми абадист, ки оташи олимпӣ аз хонаи рӯҳонии мо дар Олимпияи қадим, ба Пекин ва ба ҷаҳон хоҳад фиристод.”

Намояндаи Пекин-2022, ноиби президенти Кумитаи олимпии Чин Йу Зайгинг гуфт: "Ин як лаҳзаи таърихист, зеро мо дар шаҳри қадимаи Олимпия ҷамъ омадем, то афрухтани оташи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпиро ҷашн гирем. Машъали олимпӣ роҳи сафари моро равшан мекунад, то мушкилотро бо ҳамбастагии бештар ва ҳамкории наздиктар бартараф кунем. Дар давраи сар задани бемории коронавирус, оташи олимпӣ ба мо эътимод, гармӣ ва умед бахшид. Ин як манбаи қувват дар муборизаи мо барои мағлуб кардани пандемия буд”.

Маросими анъанавӣ, ки дар наздикии маъбади Ҳера баргузор шуд, мероси юнонии Бозиҳои олимпиро таҷассум мекунад ва Бозиҳои муосирро бо пайдоиши таърихии он мепайвандад. Пас аз он ки оташи олимпӣ аз ҷониби саркоҳин фурӯзон карда шуд, он сафари худро тавассути лижарони юнонӣ Иоаннис Антониу оғоз кард. Пас аз он оташи олимпӣ ба варзишгари чинӣ, барандаи панҷ медали Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар конкитозӣ Ли Ҷиаҷун гузашт.

Баъди маросим, оташи олимпӣ ба варзишгоҳи Панатенаичи Афина интиқол дода шуда, имрӯз, 19-уми октябр, расман ба Пекин-2022 супорида мешавад.

Рӯзи 20-уми октябр дар Пекин маросими истиқбол баргузор мешавад ва алангаи оташ аввал дар бурҷи олимпии Пекин пеш аз сафар ба мардум намоиш дода мешавад.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4-ум то 20-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Чин бо иштироки тақрибан 2900 варзишгар аз 85 кумитаи миллии олимпӣ баргузор мешавад. Пекин ягона шаҳре хоҳад буд, ки мизбони ҳам Бозиҳои тобистона, ҳам Бозиҳои зимистона мешавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG