Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфт


Сабқати дастаҳои "Истиқлол" ва "Файзканд." Акс аз сомонаи ФФТ
Сабқати дастаҳои "Истиқлол" ва "Файзканд." Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод, ба нимфинал роҳ пайдо кард.

Ин бозӣ 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голҳоро Салам Ашурмамадов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев ва як голи дигарро футболбозони «Файзканд» ба дарвозаи худашон заданд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш аз рӯи натиҷагирии се бозии даври чорякниҳоӣ ду дастаи шаҳри Хуҷанд - «Хуҷанд» ва «Эсхата», инчунин «Равшан»-и Кӯлоб ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буданд.

Ҳамин тариқ, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 “Истиқлол” бо “Эсхата” вомехӯрад. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои “Равшан” ва “Хуҷанд” доир мегардад. Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ 6-7-уми ноябр, бозиҳои ҷавобӣ 27-28-уми ноябр баргузор мешаванд.

Тибқи низомнома нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат аст. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

1/4 финал

«Истиқлол» – «Файзканд» – 5:0

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 2 (1:0). Артур Боугнон, 31 – ба дарвозаи худ (2:0). Алексей Ларин, 59 (3:0). Андрей Мишенко, 66 (4:0). Шервонӣ Мабатшоев, 72 (5:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Алексей Ларин («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

15-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 350 тамошобин.

XS
SM
MD
LG