Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи ҷудо “Paris Grand Slam 2021” панҷум шуд


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Paris Grand Slam 2021” дар Порис, пойтахти Фаронса, дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар “Paris Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 16-17-уми октябр дар Порис баргузор шуд, 281 варзишгар (164 мард ва 117 зан) аз 45 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дошт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалии анъанавӣ, ки бори 50-ум сурат гирифт, Тоҷикистонро танҳо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ кард. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Урунбаяр Одгерел аз Муғулистон, Кано Гарсиес аз Испания ва Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо намуд. Вале Сомон дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоӣ аз рақиби фаронсавиаш Тео Рикуин мағлуб шуд. Вай баъдан барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Александру Райку аз Руминия бохт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро азони худ кард.

Дар вазни то 73 кило Кенши Ҳарада аз Ҷопон, ки дар финал Тео Рикуини фаронсавиро шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт. Рикуин медали нуқра, Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) ва Александру Райку (Руминия) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков соли гузашта дар ин мусобиқаи пурнуфуз дар Порис ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Paris Grand Slam 2021” мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт.

Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) ҷойи дувум ва мунтахаби Исроил бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум дар байни 45 кишвар ҳамроҳи Молдова ва Словения ҷойи 18-умро касб кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷудо “Paris Grand Slam 2021”

Мардон

-60 кг
1. АГАЕВ Балабой (Озарбойҷон)
2. АБДУЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. ВАЛАДЕР ПИКАРД Ромен (Фаронса)
3. КОГА Генки (Ҷопон)

-66 кг
1. ТАНАКА Риома (Ҷопон)
2. ФИҶИСАКА Тиакоҳ (Ҷопон)
3. ҲЯР Валиде (Фаронса)
3. КАЗОРЛА Орландо (Фаронса)

-73 кг
1. ҲАРАДА Кенши (Ҷопон)
2. РЕКИН Тео (Фаронса)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. РАЙКУ Александру (Руминия)

81 кг
1. САСАКИ Такеши (Ҷопон)
2. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
3. ҶЕЕЛТИЯ Болор-Очир (Муғулистон)
3. ФУҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)

-90 кг
1. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)
2. ХОЛМИРЗОЕВ Ҳусейн (Русия)
3. ЕГУТИДЗЕ Анри (Полша)
3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)

-100 кг
1. АДАМЯН Арман (Русия)
2. ГОНЗАЛЕВ Аслей (Руминия)
3. САНЕБЛИДЗЕ Онисе (Гурҷистон)
3. КАТАРИНА Симеон (Нидерланд)

+100 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)
2. Марет Сирилл (Фаронса)
3. СПИЙКЕРС Юр (Нидерланд)
3. ТЕРЕС Ҷозеф (Фаронса)

XS
SM
MD
LG