Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом даста ғолиби Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон мешавад: «Хатлон» ё «Зебонисо»?


То поёни мавсими чаҳоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ҳамагӣ як давр мондааст. Пас аз натиҷагирии бозиҳои ҳабдаҳ даври мусобиқа дар садри ҷадвал дуҳокимиятӣ ҳукмронӣ мекунад. Дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо» -и Душанбе, ки 48-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафиро бо ҳам мебинанд.

Дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбе, 17-уми октябр, доир мегардад, “Хатлон” дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и Фархор рақобат мекунад, “Зебонисо” бошад, дар меҳмонӣ бо дастаи «Бешкент»-и Носири Хусрав, ки бо 32 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал ҷойгир аст, бозӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар мавриди баробар шудани имтиёзҳо дар охири мавсим, ғолиби чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои занона “Хатлон”-и Бохтар мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҳарду бозӣ бо “Зебонисо” (7:2, 0:1) бартарӣ дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои занона

Натиҷаҳои бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15 -ум:

«Зебонисо» – «Хатлон» – 1:0

«Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:4

«Конибодом» – «Равшан» – 1:2

«Зебо» – «Суғд» – 0:2

«Чашма» – «Нӯшофарин» – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

17

16

0

1

147-4

48

2

«Зебонисо» (Душанбе)

17

16

0

1

154-10

48

3

«Бешкент» (Носири Хусрав)

17

10

2

5

86-29

32

4

«Суғд» (Суғд)

17

10

0

7

80-52

30

5

«Равшан» (Кӯлоб)

17

8

4

5

34-36

28

6

«Конибодом» (Конибодом)

17

7

1

9

63-50

22

7

«Ҳосилот» (Фархор)

17

6

2

9

33-51

20

8

«Зебо» (Дӯстӣ)

17

3

2

12

35-40

11

9

«Нӯшофарин» (Бохтар)

17

2

0

15

5-222

6

10

«Чашма» (Шаҳритус)

17

1

1

15

4-147

4

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 65 гол, Марҷона Саидова («Зебонисо») 42 гол, Улҷамол Элмуродова («Бешкент») 24 гол, Меҳрангез Шарифова («Хатлон») 22 гол.

Даври 18-ум

16-уми октябр (шанбе)

«Нӯшофарин» – «Зебо»

17-уми октябр (якшанбе)

«Бешкент» – «Зебонисо»

«Равшан» – «Суғд»

«Хатлон» – «Ҳосилот»

«Чашма» – «Конибодом»

XS
SM
MD
LG