Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Индонезия дар Душанбе


Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо дастаи олимпии Индонезия бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Индонезия рӯзи сешанбе, 19-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои “Лубнон” (25-уми октябр), Непал (28-уми октябр) ва Эрон (31-уми октябр) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия баргузор мешаванд. Мунтахаби Чин аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 даст кашид. Бинобар ин дар гурӯҳи «G» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия бо ҳам ду бор – рӯзҳои 27-ум ва 30-юми октябр - рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Бозии дӯстона

19-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон (U-23) – Индонезия (U-23)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

XS
SM
MD
LG