Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки дар Paris Grand Slam 2021 иштирок мекунад


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Paris Grand Slam 2021 дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок хоҳад кард. Ин мусобиқаи пурнуфуз, ки бори 50-ум баргузор мешавад, таи ду рӯз (16-17-уми октябр) дар пойтахти Фаронса – Порис – идома меёбад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Paris Grand Slam 2021 иштироки 289 варзишгар (169 мард ва 120 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонии ҷудо миёни бузургсолон дар вазни то 73 кило бо 2307 имтиёз дар зинаи 17-ум қарор дорад.

Барномаи мусобиқаи ҷудо Paris Grand Slam 2021

15-уми октябр (ҷумъа)

Қуръакашӣ
Оғоз: соати 17:00

16-уми октябр (шанбе)

Марҳилаи ниҳоӣ: соати 20:00
Занон: -48, -52, -57, -63 кг;
Мардон: -60, - 66, -73 кг;

17-уми октябр (якшанбе)

Марҳилаи ниҳоӣ: соати 20:00
Занон: -70, -78, +78 кг;
Мардон: -81, -90, -100, +100 кг;

Эзоҳ: соат бо вақти Душанбе.

Ёдовар мешавем, соли гузашта паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2020», ки рӯзҳои 8-9-уми феврал баргузор шуд, бе медал монда буданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Аз байни онҳо Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило натиҷаҳои хубтар нишон доданд.

Сомон аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Беҳрӯз бошад, аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Дар натиҷа ҳарду мақоми ҳафтумро касб намуданд.

XS
SM
MD
LG