Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022: Бозии Эрон бо Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ шуд


Сабқати мунтахаби футбол Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ
Сабқати мунтахаби футбол Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ

Бозиҳои даври чоруми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи сешанбеи 12-уми октябр баргузор шуданд. Дар ин марҳила 12 дастаи беҳтарини қора, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат карданд.

Дар гурӯҳи «А» тими миллии Эрон баъди се ғалаба ба Сурия бо ҳисоби 1:0, Ироқ бо ҳисоби 3:0 ва Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0, дар даври чорум бозиро дар майдони худ бо Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Эрон бо 10 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳашт имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Мунтахаби Лубнон, ки дар даври гузашта Сурияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард, бо панҷ имтиёз ба зинаи сеюм баромад.

Дар ин гурӯҳ ду дастаи мунтахаб - Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ироқ - сеимтиёзӣ гирифтаанд. Сурия, ки дар се бозӣ як имтиёз ба даст овардааст, дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар гурӯҳи “В” Арабистони Саудӣ бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Ин даста дар даври чаҳорум мунтахаби Чинро бо ҳисоби 3:2 ноком кард.

Дар бозии марказии даври чорум Ҷопон дар майдони худ Австралияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳамин тариқ, баъди чор давр Австралия бо 9 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ҷопон ва Умон 6-имтиёзӣ гирифтаанд. Чин се имтиёз ба даст овардааст. Ветнам, ки ҳарчор бозиашро бохтааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври панҷуми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи 11-уми ноябр баргузор мешаванд. Ҳамагӣ даҳ давр сурат мегирад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро ишғол мекунанд, мустақиман ба қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро соҳиб мешавад, ба ҳаққи иштирок дар плей-офф мушарраф мегардад.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Осиё, марҳилаи сеюм

Даври 4-ум, 12-уми октябр

Гурӯҳи «А»

  • Эрон – Кореяи Ҷанубӣ - 1:1 (0:0)
  • Иморот - Ироқ - 2:2 (1:0)
  • Сурия - Лубнон - 2:3 (1:2)

Гурӯҳи “В

  • Ҷопон - Австралия - 2:1 (1:0)
  • Умон - Ветнам - 3:1 (1:1)
  • Арабистони Саудӣ - Чин - 3:2 (2:0)

Даври 5-ум, 11-уми ноябр

Гурӯҳи «А»

  • Кореяи Ҷанубӣ - Иморот
  • Ироқ - Сурия
  • Лубнон - Эрон

Гурӯҳи “В

  • Австралия – Арабистони Саудӣ
  • Ветнам - Ҷопон
  • Чин - Умон

XS
SM
MD
LG