Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Олмон аввалин шуда ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар роҳхат гирифт


Яке аз майдонҳои навбунёд барои баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 дар Қатар.
Яке аз майдонҳои навбунёд барои баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 дар Қатар.

Тими миллии футболи Олмон аввалин дастаи сайёра шуд, ки ба финали Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳхат гирифт.

Шогирдони Ҳанс-Дитер Флик дар бозии даври 8-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар меҳмонӣ бар дастаи мунтахаби Македонияи Шимолӣ бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд ва барои тимҳои гурӯҳи J дастнорас шуданд.

Ҳамзамон дар бозиҳои дигари ин гурӯҳ мунтахаби Руминия бар тими миллии Арманистон бо ҳисоби 1:0 ва дастаи Исландия бар мунтахаби Лихтенштейн бо ҳисоби 4:0 пирӯз гаштанд.

Ду давр қабл аз анҷоми марҳилаи интихобӣ мунтахаби Олмон дар ҳашт бозӣ 21 имтиёз ба даст овардааст, ки аз дастаи Руминия 8 имтиёз зиёд аст. Мунтахаби Руминия дар ҷойи дувум қарор дорад.

Инчунин, ба тими миллии Қатар кафолат дода шудааст, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамчун кишвари мизбони мусобиқа ширкат варзад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки аз 21-уми ноябр то 12-уми декабри соли 2022 дар Қатар баргузор хоҳад шуд, 32 дастаи мунтахаб иштирок мекунад.

Дар марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё 12 дастаи беҳтарин, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат доранд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи «А» тими миллии Эрон бо 9 имтиёз пешсаф аст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Дар ин гурӯҳ се дастаи мунтахаб - Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон ва Ироқ - дуимтиёзӣ гирифтаанд. Сурия, ки дар се бозӣ як имтиёз ба даст овардааст, дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар гурӯҳи “В” ду дастаи мунтахаб – Австралия ва Арабистони Саудӣ – бо 9-имтиёзӣ пешқадаманд. Ҷопон, Умон ва Чин 3-имтиёзӣ доранд. Ветнам, ки ҳарсе бозиашро бохтааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро ишғол мекунанд, мустақиман ба қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро соҳиб мешавад, ба ҳаққи иштирок дар плей-офф мушарраф мегардад.

Бозиҳои даври чоруми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё имрӯз, 12-уми октябр, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Осиё, марҳилаи сеюм

Даври 4-ум, 12-уми октябр

Гурӯҳи «А»

Эрон – Кореяи Ҷанубӣ

Иморот - Ироқ

Сурия – Лубнон

Гурӯҳи «В»

Умон - Ветнам

Арабистони Саудӣ - Чин

Ҷопон - Австралия

XS
SM
MD
LG