Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам дар Дубай мусовӣ шуд


Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23)
Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23)

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо дастаи олимпии Ветнам бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар доираи омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи душанбе, 11-уми октябр, дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.

Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Ле Хуан Ту, бозигари ветнамиҳо, дар дақиқаи 82-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Рустам Соиров дар дақиқаи 88-ум ба самар расонид.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Дубай, ки 6-уми октябр шуруъ шуд, 12-уми октябр ба анҷом мерасад. Ба ин ҷамъомад ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – давъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои “Лубнон” (25-уми октябр), Непал (28-уми октябр) ва Эрон (31-уми октябр) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 27-уми октябр то 2-юми ноябр бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия, Чин ва Индонезия баргузор мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Бозии дӯстона

Ветнам (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 1:1
Голҳо: Ле Хуан Ту, 82 (1:0). Рустам Соиров, 88 (1:1).

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов (Шоҳрух Сангов, 63), Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 75), Кароматулло Саидов (Шуҳрат Элмуродов, 81), Шервонӣ Мабатшоев (Далер Ёдгоров, 63), Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 75), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Сорбон Авғонов, 63), Рустам Соиров.

Аз майдон хориҷ шуд: Алиҷон Кароматуллозода (Тоҷикистон), 90+3 – корти 2-юми зард.

11-уми октябр. Дубай. Варзишгоҳи «The Sevens».

XS
SM
MD
LG