Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довари маъруфи тоҷикро ба мулоқот бо президенти AIBA даъват накарданд. САДО


Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ се рӯз дар Тоҷикистон буд
Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ се рӯз дар Тоҷикистон буд

Умар Кремлёв, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) зимни сафари кории худ ба Тоҷикистон бо масъулини соҳа мулоқот карда, роҳҳои рушди минбаъдаи ин намуди олимпӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Вале ягона довари тоҷик дар Олимпиада мегӯяд, ӯ ва чанд мутахассиси шинохтаи боксро ба мулоқоти президенти AIBA даъват накарданд.

Сафари Умар Кремлёв ба Тоҷикистон 7-уми октябр оғоз шуда, се рӯз давом кард. Ӯ дар мулоқот бо масъулини соҳаи варзиши Тоҷикистон гуфт, AIBA мехоҳад бокс яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш гардад.

"Тоҷикистон дорои варзишгарони бомаҳорат ва таърихи бойи муштзанҳои бузурги ҷаҳонӣ аст. Муштзанҳои тоҷик метавонанд дар ояндаи наздик қаҳрамону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳонӣ гарданд. Бо дастгирии AIBA Тоҷикистон метавонад сатҳи касбии мутахассисонро такмил диҳад, таҷриба иваз кунад,"- гуфт Кремлёв.

Мансур Муҳиддинов
Мансур Муҳиддинов

Бархе аз мутахассисони соҳаи бокс дар Тоҷикистон гуфтанд, масъулини Федератсияи бокс онҳоро барои дидор бо Умар Кремлёв даъват накарданд. Мансур Муҳиддинов, ягона довари тоҷик дар Олимпиада Токио-2020 ба Радиои Озодӣ аз ин чиз нигаронӣ кард ва гуфт, аз сафари президенти AIBA бехабар монданд. Ӯ инро ба "тарафкашӣ ва бахилӣ" рабт дод.

Суҳбати пурра бо Мансур Муҳиддиновро дар инҷо шунавед:

Мансур Муҳиддинов: моро ба мулоқоти президенти AIBA даъват накарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00
Линки мустақим

Мақомот ба ин интиқод ҳанӯз посух надоданд. Хабаргузории давлатии Ховар рӯзи 9-уми октябр навишт, дар мулоқот бо президенти AIBA, Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва Бег Сабур, президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон ширкат карданд. Бег Сабур, ки ҳамзамон раиси Хадамоти алоқа низ ҳаст, дар мулоқот бо Умар Кремлёв гуфтааст, дар шаҳраку деҳот ба ҷустуҷӯи истеъдодҳои нав шурӯъ хоҳанд кард. “Ҳадафи мо ҳавасманд кардани минтақаҳои бештари кишвар ҷиҳати рушди бокс аст,”-гуфтааст Бег Сабур.

Умар Кремлёв, президенти AIBA дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон, аз толору иншооти варзишӣ, аз ҷумла Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дидан кард. Ӯ дар инҷо бо варзишгарону мураббиён мулоқот ва тамрин намуд. Раҳбари AIBA ба варзишгарону мураббиён либосу лавозимоти варзиши боксро тақдим кардааст.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор шуд, ҳарсе муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров - бе медал монданд.

XS
SM
MD
LG