Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як бинои давлатӣ дар Кӯлоб. Қазияи қандилҳо ҷиддӣ шуд. ВИДЕО


Ба дари Идораи сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб муҳр задаанд, чун барои таъмини равшанӣ дар кӯчаҳо аз хориҷа 300 қандил оварда, вале боҷи гумрукии онро напардохтааст. Шаҳрдории Кӯлоб пештар ваъда дода буд, ки боҷро медиҳад. Сухан дар бораи 707 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 70 ҳазор доллар, меравад.

Зиёвуддин Холматов, иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи сохтмони асосии Кӯлоб, 11-уми октябр гуфт, ки идораи онҳо ба ҳабс гирифта шудааст.

Як масъули дигари идора гуфт, ба ҷуз аз як бино чизе барои фурӯш надоранд, то бо пули он боҷи гумрукиро бидиҳанд. "Акнун ҳашт корманд лоиҳакаширо аз хона идома медиҳанд, то корҳои сохтмонӣ дар шаҳр ба таъхир науфтад," -- гуфт мусоҳиби мо.

Баҳси Идораи сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб бо Раёсати минтақавии гумрук моҳи марти имсол дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон оғоз шуд. Додгоҳ баҳсро ба фоидаи Раёсати гумрук ҳал кард ва Идораи сохтмони асосии Кӯлобро муваззаф намуд, ки беш аз ҳафтсад ҳазор сомонӣ боҷи гумрукиро пардохт кунад.

Пули қандилҳои кӯчагии Кӯлобро кӣ пардохт мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Қандилҳои баҳсбарангези шаҳри Кӯлобро соли 2019, ҳангоми сафари президент ба минтақа, ширкати туркии "ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD" бо дархости ҳукумати маҳаллӣ ворид карда буд.

Ҳоло 176 қандил дар Кӯлоб ва 30 қандил дар маркази вилояти Хатлон насб шуда, боқимонда дар анбори шаҳрдорӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Шаҳрдори Кӯлоб шаш моҳ пеш гуфта буд, ки пули қандилҳоро аз ҳисоби буҷа медиҳанд. "Мо тамоми имкониятро истифода мебарем, ки аз ҳисоби барзиёдии даромади буҷа ин қарзҳоро пардохт кунем", -- гуфта буд Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб дар тобистони имсол. Аммо камбуди буҷа ва пардохт нашудани боҷи воридотии кандилҳо боис шудааст, ки бинои Идораи сохтмони асосии шаҳрро ба ҳабс бигиранд.

Ширкати туркӣ: пули моро низ надодаанд

Дар ин миён фақат маблағи боҷи гумрукии қандилҳо нест, ки барои шаҳрдори Кӯлоб дардисар эҷод кардааст. Ширкати туркие, ки ин фонусҳоро ворид кардааст, низ даъво дорад, ки мақомот пули онҳоро надодаанд.

Эрдуғон Ферҳат, масъули ширкати "ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD" моҳи марти имсол дар номае ба Абдуҷаббор Раҳмонзода, он вақт ёвари президент ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон навиштааст, ки харҷи фонусҳо наздик ба чор миллион сомонӣ аст.

Баъзе аз коршиносони маҳаллӣ сарфи наздик ба чор миллион сомониро барои 300 фонус шубҳаовар медонанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳангоми сафари раиси ҷумҳурӣ бештар дар андешаи таъмири "косметикӣ" ҳастанд ва барои ҳалли мушкилоти асосӣ дар минтақаҳо талоши камтар мекунанд, ки қазияи фонусҳои Кӯлоб намунаи он аст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG