Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Италия ноком шуданд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони то 21-сола, ки аз 6-ум то 10-уми октябр дар шаҳри Олбияи Италия доир гардид, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар дар чаҳор вазн намояндагӣ карда, ноком шуданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 490 варзишгар (282 писар ва 208 духтар) аз 72 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абубакр Шеров (-66 кг), Анушервон Қувватов (-66 кг), Саидраҳим Раҳимов (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (-100 кг) шомил буданд.

Дар нахустин рӯзи мусобиқа ду варзишгари тоҷик - Абубакр Шеров ва Анушервон Қувватов, ҳарду дар вазни то 66 кило, рақобат карданд. Абубакр дар даври аввал дар муддати 20 сония рақибаш Муҳаммад Албаракро аз Кувайт бо баҳогузории “иппон” шикаст дод, вале дар даври дуюм дар замони изофа аз Абрек Нагучеви русиягӣ, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон-2019, шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Анушервон бошад, дар нахустин рақобаташ аз намояндаи Латвия Энтони де Анҷелис мағлуб шуд.

Рӯзи 8-уми октябр се паҳлавони тоҷик - Саидраҳим Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг) ва Раҳматулло Мирзоев (-90 кг) - вориди рақобат шуданд.

Саидраҳим дар нахустин рақобаташ аз Ҳабиб Мустафо (Босния ва Ҳерсеговина) бо «иппон» шикаст хӯрд.

Муҳаммадҷон рақобатро аз даври дуюм муқобили Халид Албарак аз Кувайт оғоз кард. Гуштигири тоҷик пас аз ду дақиқа бар ҳарифаш пирӯз шуд. Дар даври сеюм бар Аурелиен Бонферрони аз Швейтсария ғолиб гашт. Вале паҳлавони тоҷик дар даври чорякниҳоӣ аз қаҳрамони Аврупо-2019 миёни наврасон - Адам Тсечоеви русиягӣ ва дар даври тассалобахш аз Брайт Маддалони Носаи итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гардид.

Ду нафари дигар - Мансур Раҳмон ва Эмомризо Анварзода, ҳарду дар вазни то 100 кило, рӯзи 9-уми октябр ба рақобат пардохтанд. Мансур аз Киллиан Каппелмайер (Олмон) ва Эмомризо аз Коуссай Бен Харес (Тунис) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайаташ дар рақобатҳои дастаӣ иштирок накард.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон се медал гирифтаанд. Сомон Маҳмадбеков соли 2019 дар Марокаш дар вазни то 73 кило медали тилло ва соли 2017 дар Загреби Хорватия медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур Раҳимов соли 2017 дар вазни то 100 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони то 21-сола дар шаҳри Олбияи Италия

-60 кг
1. САРДАЛАШВИЛИ Ҷиорҷи (Гурҷистон)
2. БАЙРАМОВ Туран (Озарбойҷон)
3. ДАВЛАТОВ Шерзод (Қазоқистон)
3. ВАЛАДЕР ПИКАРД Роман (Фаронса)

-66 кг
1. НАГУЧЕВ Абрек (Русия)
2. СЛАМБЕРГЕР Леннарт (Олмон)
3. ХОНЧАРКО Йевлен (Украина)
3. ГОБЕРТ Максим (Фаронса)

-73 кг
1. САЛКА Адриан (Руминия)
2. ДЕМИРЕЛ Умалт (Туркия)
3. СЕНТРАКЧИО Луиҷи (Италия)
3. ПОЧОП Даниел (Ҷумҳурии Чех)

-81 кг
1. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Ҷиорҷи (Гурҷистон)
2. СЕЧОЕВ Адам (Русия)
3. ҲОҶИЕВ Элҷон (Озарбойҷон)
3. БУБИР Артём (Украина)

-90 кг
1. САФРАНИ Питер (Маҷористон)
2. ПЕНЕС Тиго (Нидерланд)
3. НГАЯП ГАМБУ Максим-Гаел (Фаронса)
3. САНГАРИЕВ Адам (Русия)

-100 кг
1. СУЛАМАНИДЗЕ Илия (Гурҷистон)
2. РАЯБОВ Суҳроб (Узбекистон)
3. КАНИКОВСКИЙ Матвей (Русия)
3. ТУРОБОЕВ Уткирбек (Узбекистон)

+100 кг
1. ИНАНЕИШВИЛИ Саба (Гурҷистон)
2. СИПОК Ричард (Маҷористон)
3. ВИТАССЕК Иво (Олмон)
3. ДЕМЕТРАШВИЛИ Иракли (Гурҷистон)

XS
SM
MD
LG