Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафҳои даргири Либия гуфтаанд, ки аз истифодаи зархаридон даст мекашанд


Либия як даҳсола боз аз чанги ҷангу ҳарҷу марҷ раҳо наёфтааст.
Либия як даҳсола боз аз чанги ҷангу ҳарҷу марҷ раҳо наёфтааст.

Тарафҳои даргир дар муноқишаи Либия бо имзои як аҳдномае мувофиқат кардаанд, ки ҷангҷӯён ва зархаридони хориҷиро аз ин кишвари ҷангзада берун мекунанд.

Дар ин бора намояндагии Созмони Милал дар Либия рӯзи 9-уми октябр хабар дод. Дар баёнияе дар ин бора омадааст, ки аъзои кумиссиёни 10 нафарӣ, ки 5 нафарӣ аз ҳарду тараф ҳастанд, баъди гуфтугуҳои серӯза дар шаҳри Женева ба созиш расиданд, ки ҷангҷӯёну зархаридони хориҷӣ ба тадриҷ аз Либия хориҷ карда шаванд.

Пас аз ошӯб ва суқути Муаммар Қаззофӣ, раҳбари худкомаи Либия дар даҳ соли пеш ин кишвар дар гирдоби ҷангу ҳарҷу марҷ аст ва ду ҷиноҳ барои мудирият дар кишвар бо ҳам меҷанганд ва гуруҳҳои гуногуни хориҷӣ ба онҳо кумак мекунанд.

Ҳукумати мавриди ҳимояти Созмони Милалро, ки дар Троблус аст, Туркияву Қатар пуштибонӣ мекунанд, ҳукуматеро, ки дар шарқи кишвар мудирият дорад, генерал Халифа Ҳафтар раҳбарӣ мекунад ва ҳомиёни он Русияву Мисру Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG