Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии сеюми Эрон, Австралия ва Саудӣ дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои даври сеюми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи 7-уми октябр баргузор шуданд. Дар ин марҳила 12 дастаи беҳтарини қора, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат карданд.

Дар гурӯҳи «А» тими миллии Эрон ғалабаи сеюм ба даст овард. Эрониҳо мунтахаби Арабистони Саудиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Мунтахаби Эрон дар даври аввал ба Сурия бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда, баъдан Ироқро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд. Ҳамин тариқ, Эрон бо 9 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди мусовӣ бо Ироқ (0:0) дар даври дуюм Лубнонро бо ҳисоби 1:0 ва дар даври сеюм Сурияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм аст.

Дар ин гурӯҳ се дастаи мунтахаб - Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон ва Ироқ - дуимтиёзӣ гирифтаанд. Сурия, ки дар се бозӣ як имтиёз ба даст овардааст, дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар гурӯҳи “В” ду дастаи мунтахаб – Австралия ва Арабистони Саудӣ – пешқадаманд. Австралиягиҳо дар даври сеюм мунтахаби Умонро бо ҳисоби 3:1 ноком карданд. Дар бозии калидии даври сеюм Арабистони Саудӣ мунтахаби Ҷопонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи «В» Чин ба Ветнам бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Баъди се давр Австралия ва Арабистони Саудӣ бо 9-имтиёзӣ пешқадаманд. Ҷопон, Умон ва Чин 3-имтиёзӣ доранд. Ветнам, ки ҳарсе бозиашро бохтааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро ишғол мекунанд, мустақиман ба қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро соҳиб мешавад, ба ҳаққи иштирок дар плей-офф мушарраф мегардад.

Бозиҳои даври чоруми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё рӯзи сешанбе, 12-уми октябр, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Осиё, марҳилаи сеюм

Даври 1-ум, 2-юми сентябр

Гурӯҳи “А”

Кореяи Ҷанубӣ - Ироқ - 0:0

Эрон - Сурия - 1:0

Иморот - Лубнон - 0:0

Гурӯҳи “В”

Австралия - Чин - 3:0

Арабистони Саудӣ - Ветнам - 3:1

Ҷопон - Умон - 0:1

Даври 2-юм, 7-уми сентябр

Гурӯҳи «А»

Сурия - Иморот - 1:1 (0:1)

Кореяи Ҷанубӣ - Лубнон - 1:0 (0:0)

Ироқ - Эрон - 0:3 (0:1)

Гурӯҳи «В»

Ветнам - Австралия - 0:1 (0:1)

Чин - Ҷопон - 0:1 (0:1)

Умон – Арабистони Саудӣ - 0:1 (0:1)

Даври 3-юм, 7-уми октябр

Гурӯҳи «А»

Иморот - Эрон - 0:1 (0:0)

Кореяи Ҷанубӣ - Сурия - 2:1 (0:0)

Ироқ - Лубнон - 0:0 (0:0)

Гурӯҳи «В»

Австралия - Умон - 3:1 (1:1)

Чин - Ветнам - 3:2 (0:0)

Арабистони Саудӣ - Ҷопон - 1:0 (0:0)

Даври 4-ум, 12-уми октябр

Гурӯҳи «А»

Эрон – Кореяи Ҷанубӣ

Иморот - Ироқ

Сурия – Лубнон

Гурӯҳи «В»

Умон - Ветнам

Арабистони Саудӣ - Чин

Ҷопон - Австралия

XS
SM
MD
LG