Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои довари футбол аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми Осиё даъват шуданд


Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова
Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова

Ду довари футбол аз Тоҷикистон - Нодира Мирзоева (Душанбе) ва Дилшода Раҳмонова (ноҳияи Рӯдакӣ), ки имсол ба рӯйхати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил шуданд, барои ҳакамии бозиҳо дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона таъйин шуданд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бори аввал занони довари тоҷик дар бозиҳо таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё фаъолият хоҳанд кард.

Довари FIFA Нодира Мирзоева ва ёвари довари FIFA Дилшода Раҳмонова дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "D", ки аз 18-ум то 24-уми октябр дар Бишкек баргузор мешавад, бозиҳоро ҳакамӣ мекунанд. Ба ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби миллии занонаи Мянмар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Гуам ва Лубнон дохиланд.

Ёдовар мешавем, моҳи январи имсол Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯйхати доваронеро, ки бозиҳои байналмилалиро дар соли 2021 ҳакамӣ мекунанд, нашр карда буд. Ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 14 нафар - 5 довар ва 7 ёвари довари FIFA оид ба футбол ва ду ҳакам оид ба футзал – дохил шуданд.

Доварони FIFA:

Насрулло Кабиров (Норак)

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Хуршед Дадобоев (Хуҷанд)

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Нодира Мирзоева (Душанбе)

Ёварони доварони FIFA:

Хусрави Сиддиқзод (Душанбе)

Акмал Буриев (Турсунзода)

Вафо Қараев (Шаҳринав)

Исмоил Нуралиев (Норак)

Фарҳод Қуралов (Душанбе)

Ҳасан Каримов (Норак)

Дилшода Раҳмонова (Душанбе)

Доварони FIFA оид ба футзал:

Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Суҳроб Сатторов (Турсунзода)

Аз ин рӯйхат ёздаҳ нафар ба рӯйхати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд. Инҳо доварони FIFA Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло, Сайёдҷон Зайниддинов ва Нодира Мирзоева, инчунин ёварони довари FIFA Хусрави Сиддиқзод, Акмал Буриев, Ҳасан Каримов, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев, Фарҳод Қуралов ва Дилшода Раҳмонова мебошанд.

Доврони FIFA оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев ва Суҳроб Сатторов барои он ки ба рӯйхати доварони мумтози AFC оид ба футзал шомил шаванд, имсол аз якчанд озмоиш хоҳанд гузашт.

XS
SM
MD
LG