Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон ба мулоқоти "Толибон" рафт


Абдулазиз Комилов бо Амирхон Муттақӣ.
Абдулазиз Комилов бо Амирхон Муттақӣ.

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рузи панҷшанбеи 7-уми октябр ба Кобул рафт ва бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон", мулоқот кард. Оқои Комилов дувумин вазири хориҷии як кишвари минтақа аст, ки пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон", аз Афғонистон дидан мекунад.

Ба гузориши "Бохтар" -- хабаргузории расмии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ ба Абдулазиз Комилов "итминон дод, ки вазъияти ин кишвар баъд аз таҳаввулоти ахир дар ҳоли оддӣ шудан аст". Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" Абулқаҳҳор Балхӣ тасвир ва ҷузъиёти ин мулоқотро дар сафҳаи "Твиттер"-и худ нашр кард.

Ӯ аз қавли Вазири корҳои хориҷии Узбекистон навиштааст, "умедвор аст "Толибон" ба зудӣ ҷойгоҳи қавии худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад". Комилов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш ба ӯҳдадориҳои худ дар бахши транзит, энержӣ ва тиҷорат бо Афғонистон пойбанд мемонанд.

Баъд аз ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон, ин дувумин Вазири хориҷии кишварҳои минтақа аст, ки аз Афғонистон дидан мекунад. Қабл аз ин Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ, вазири корҳои хориҷии Қатар ба Афғонистон сафар карда буд. Қатар мизбони дафтари сиёсии гурӯҳи "Толибон" аст ва аз пуштбонҳои ин гурӯҳ дониста мешавад.

Пас аз ишғоли Кобул дар рузи 15-уми август, намояндагони гурӯҳи "Толибон" бо шуморе аз намояндагони кишварҳои минтақа дидору мулоқотҳо доштанд, то роҳе барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон ҳамвор шавад. Вале ин талошҳо то кунун натиҷае надоштааст.

Узбекистон ягона кишвари Осиёи Миёна нест, ки намояндааш бо "Толибон" мулоқот кардааст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо вазири корҳои хориҷии "Толибон" Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот карда буд. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати "Толибон" аст. Гуруҳе, ки фаъолияташ дар он кишвар мамнуъст.

Пештар аз ин, рӯзи 23-юми сентябр Таалатбек Масодиқов, муовини раиси Шӯрои амният ва Ҷеенбек Кулубоев, раиси бахши сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон, барои музокирот бо "Толибон" ба Кобул рафта буданд.

18-уми август -- ҳамагӣ се руз баъд аз суқути Кобул ба дасти "Толибон", консули генералии Туркманистон дар Ҳироту Мазори Шариф бо раҳбарони ин гурӯҳ дар ин минтақа мулоқот карда буд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо "Толибон" робитае барқарор накардааст. Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", мақомоти Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногун аз ин гурӯҳ интиқод намуда, хостори ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон шуданд. "Толибон" дар муқобил Тоҷикистонро ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Бо вуҷуди тамосҳо бо "Толибон, кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон аз таҳдидҳои амниятӣ ва эҳтимоли омадани даҳҳо ҳазор гуреза аз Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. Ҳузури ҷангҷӯёни Осиёи Миёна дар Афғонистон ҳам мояи нигаронии кишварҳои минтақа ба шумор меравад.

Кишварҳои минтақа, ҷаҳон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар шартҳое барои ба расмият шинохтани Толибон гузоштанд, ки ҳифзи ҳуқуқи башар, иштироки занон ва ақалиятҳо дар идораи ҳукумат, қатъи робита бо созмонҳои даҳшатафкан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG