Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ду варзишгари ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Италия


Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон, ки 6-уми октябр дар шаҳри Олбияи Италия шуруъ шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар дар чаҳор вазн намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 492 варзишгар (284 писар ва 208 духтар) аз 72 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абубакр Шеров (-66 кг), Анушервон Қувватов (-66 кг), Саидраҳим Раҳимов (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (-100 кг) шомиланд.

Дар нахустин рӯзи мусобиқа - 6-уми октябр – ду варзишгари тоҷик - Абубакр Шеров ва Анушервон Қувватов, ҳарду дар вазни то 66 кило, рақобат карда, ноком шуданд.

Абубакр дар даври аввал дар муддати 20 сония рақибаш Муҳаммад Албаракро аз Кувайт бо баҳогузории “иппон” шикаст дод, вале дар даври дуюм дар замони изофа аз Абрек Нагучеви русиягӣ, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон-2019, шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Анушервон бошад, дар нахустин рақобаташ аз намояндаи Латвия Энтони де Анҷелис мағлуб шуд.

Рӯзи ҷумъаи 8-уми октябр се паҳлавони тоҷик - Саидраҳим Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг) ва Раҳматулло Мирзоев (-90 кг) вориди рақобат мешаванд. Ду нафари дигар - Эмомризо Анварзода ва Мансур Раҳмон, ҳарду дар вазни то 100 кг, рӯзи шанбеи 9-уми октябр ба рақобат мепардозанд.

Барномаи мусобиқа:

7-уми октябр (панҷшанбе)
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -57 кг, -63 кг,
Мардон: -73 кг

8-уми октябр (ҷумъа)
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -70 кг
Мардон: -81 кг, -90 кг

9-уми октябр (шанбе)
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -78 кг, +78 кг
Мардон: -100 кг, +100 кг

10-уми октябр (якшанбе)
Рақобатҳои дастаӣ
Оғоз: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Вале мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайаташ дар рақобатҳои дастаӣ иштирок намекунад.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон се медал гирифтаанд. Сомон Маҳмадбеков соли 2019 дар Марокаш дар вазни то 73 кг медали тилло ва соли 2017 дар Загреби Хорватия медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур Раҳимов соли 2017 дар вазни то 100 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG