Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нависандаи зиндонии эронӣ ҷоизаи PEN America-ро гирифтанд


Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин ва Кейвон Боҷон
Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин ва Кейвон Боҷон

Созмони ҳомии озодии баён PEN America се нависандаи зиндонии эрониро дар маросиме дар шаҳри Ню-Йорк бо ҷоизаи солонаи барои озодии баён - PEN/Barbey Freedom to Write Award қадрдонӣ кард.

Дар изҳороти созмони PEN America рӯзи 5-уми октябр омадааст: “Бактош Обтин, Кейвон Боҷон ва Ризо Хандон Моҳободӣ барои навиштан, дифоъ аз озодии баён ва эътирози сулҳомезашон ба сензураи давлатӣ аз ҷониби мақомоти эронӣ зиндонӣ шуданд”.

Ин се нависанда барои узвияташон дар Анҷумани нависандагони Эрон аз 3 то 6 сол ҳабс шудаанд. Аъзои ин созмон даъват ва таҳдиду зиндонӣ шудаанд. Ҳабси ин се нависандаро созмонҳои ҳомии озодии баён маҳкум ва озодии онҳоро талаб кардаанд. Дар муроҷиате ба номи президенти нави Эрон Иброҳими Раисӣ 370 ҳунарманду рӯшанфикр хостори озодии онҳо шуданд. Дар миёни имзогузорони ин нома нависандаи афғони муқими Амрико Холид Ҳусайнӣ, нависандаи турк Орҳан Памук ва ҳунарпешаи Ҳолливуд Мерил Стрип мебошанд.

XS
SM
MD
LG