Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи кашмакаш. Озарбойҷон созмон ва масҷиди марбут ба Хоманаиро дар Боку баст


Размоиши неруҳои Озарбойҷон ва Туркия дар вилояти Нахҷувони Озарбойҷон. 5 октябри соли 2021 (Акс аз Вазорати дифои Озарбойҷон)
Размоиши неруҳои Озарбойҷон ва Туркия дар вилояти Нахҷувони Озарбойҷон. 5 октябри соли 2021 (Акс аз Вазорати дифои Озарбойҷон)

Рӯзи 5-уми октябр, чанд рӯз баъд аз он ки Озарбойҷон дар наздикиҳои марзаш бо Эрон машқҳои низомӣ барпо кард, Боку инчунин дари як масҷид ва созмонеро баст, ки ба раҳбари олии Эрон рабт доранд.

Хабаргузории «Тасним»-и Эрон бо нашри изҳороте рӯзи 5-уми октябр гуфт, «Масҷиди Ҳусейния ва дафтари Саидалӣ Акбар Уҷоқнажод, як намояндаи раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ дар Боку бо амри мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон баста шуданд».

Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон дар изҳороте гуфт, ки ин муассисаҳо ба иллати афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус баста шудаанд.

“Масҷиди Ҳусейния яке аз маконҳоест, ки дар он рӯзҳои ахир коронавирус паҳн мешавад. Хадамоти эпидемиологӣ чораҳои заруриро андешидаанд”, омадааст дар баёнияи Дафтари матбуоти ВКД Озарбойҷон.

Дар вебсайти дафтари Уҷоқнажод навишта шудааст, ки ин шахс баъди соли 1996 ба ҳайси намояндаи Хоманаӣ дар Озарбойҷон кор кардааст.

Сафорати Эрон дар Боку бо нашри изҳороте рӯзи 5-уми октябр гуфт, ки ин қазияро ба воситаи тамосҳои дипломатӣ пайгирӣ мекунад. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки дипломатҳои эрониро аз бастани ин муассисаҳо пешакӣ огоҳ накардаанд.

Озарбойҷон ва Эрон бо ҳам 700 км марзи муштарак доранд. Равобити ин ду ҳамсоя вақтҳои охир рӯ ба шиддат овардааст. Неруҳои заминии Эрон рӯзи 1-уми октябр дар марз бо Озарбойҷон машқҳои низомиро шурӯъ карданд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ин размоишро танкид кард. Вай дар сӯҳбат бо хабаргузории туркии “Анадолу” гуфт: “Ҳар кишвар ҳақ дорад, ки ҳама гуна машқҳои низомиро дар хоки худ барпо кунад. Ин ҳуқуқи соҳибихтиёри онҳост. Вале чаро ҳоло ва чаро дар марз бо кишвари мо?”

Алиев афзуд, “дар 30 соли истиқлолияти Озарбойҷон як чунин ҳодисае рух надода буд”.

Мақомоти эронӣ танқидҳои тарафи Озарбойҷонро рад карда гуфтанд, ки ташкили машқҳои низомӣ дар хоки худ ҳаққи комили онҳо мебошад. Инчунин онҳо иддао карданд, ки неруҳои сеюм – ишора ба Исроил, ки як душмани Эрон мебошад, дар бадтар шудани равобити Озарбойҷону Эрон "нақши иғвогарона" мебозад.

Сухангӯӣ Вазорати корҳоио хориҷии Эрон Саид Хатибзода гуфт, “Эрон ҳузури режими сайҳунистиро дар наздикиҳои сарҳадаш таҳаммул намекунад”.

Рӯзи 5-уми октябр Озарбойҷон иттиҳоми эрониҳо дар бораи ҳузури низомии исроилиҳо дар ин кишвари Қафқози Ҷанубиро рад кард.

Исроил таъминкунандаи калидии аслиҳаи Озарбойҷон аст ва ин кишвар як сол пеш дар ҷанги шашҳафтаина барои минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ бар Арманистон дастболо шуд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон Лайло Абдуллоева рӯзи 4-уми октябр гуфт, ки иддаои Эрон дар бораи ҳузури ҷониби сеюм дар наздикии марзи Озарбойҷону Эрон “комилан беасос аст”.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ҳафтаи гузашта ба сафири Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш ҳузури Исроил ё фаъолиятҳоеро “дар наздикиҳои марзаш” таҳаммул намекунад ва ҳушдор дод, ки ҳама гуна иқдомҳои заруриро пиёда хоҳад кард.

Озарбойҷону Эрон бо сабаби он ки Теҳрон дар се даҳаи низои Қаробоғи Кӯҳӣ аз Арманистон пуштибонӣ кардаааст, ин ҳама муддат бо ҳам муносибатҳои пурихтилоф доранд. Як мояи дигари таниши ҳамсояҳо ин ҷорӣ кардани андозҳои иловагӣ ба мошинҳои борбари эроние буд, ки ба воситаи Озарбойҷон ба самти Арманистон ҳаракат мекунанд.

Аз миёни 83 миллион ҷамъияти Эрон тахминан 10 миллион нафарашон озарбойҷониҳо ҳастанд ва тамоюлҳои ҷудоиталабона дар миёни онҳо ҳамеша дар Теҳрон ҳассосият эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG