Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Дубай ду бозии дӯстона анҷом медиҳад


Тамрини футболбозони тоҷик дар Дубай. Акс аз сомонаи ФФТ.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) рӯйхати бозигаронеро, ки аз 6-ум то 12-уми октябр дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай ширкат меварзанд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба ин ҷамъомад ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – давъват шудаанд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Дубай ду бозии дӯстона низ анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 8-уми октябр бо ҳамсолонашон аз бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ва 11-уми октябр бо дастаи мунтахаби Ветнам (U-23) рақобат мекунанд.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Наимҷон Иброҳимзода, Парвиз Иззатшоев (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Муҳаммадҷон Насков («Хатлон»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Ислом Зоиров, Шарифбек Раҳматов (ҳарду аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров («Хуҷанд»), Умарҷон Шарипов, Сорбон Авғонов (ҳарду аз «Хатлон»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бояд гуфт, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Лубнон (25-уми октябр), Непал (28-уми октябр) ва Эрон (31-уми октябр) бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-ум то 31-уми октябри соли равон дар Душанбе доир мегарданд.

Ҳамчунин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 27-уми октябр то 2-юми ноябр бозиҳои гурӯҳи «G» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Австралия, Чин ва Индонезия баргузор мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳхат мегиранд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG