Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тиллои Ҷоми президент дар Тоҷикистон монд ва яке ба Узбекистон рафт


Дар рӯзи охирини мусобиқаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 5-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов ғолиб шуданд.

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум доир гардид, ба ҷуз аз гуштигирони тоҷик, варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Русия ва Узбекистон аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90, +90 кг) миёни мардҳо рақобат карданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа рақобатҳо дар вазни сангин сурат гирифт. Комроншоҳ Устопириён, ки рақобатро дар вазни то 90 кило аз даври дуюм шуруъ кард, бар варзишгари Қазоқистон Сергей Пак ғолиб омад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Муин Орифовро (Тоҷикистон) шикаст дод.

Рақиби Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ Азизбек Авазмуродов аз Узбекистон буд, ки бо се “шидо” мағлуб дониста шуд. Дар финал Устопириён бо гуштигири дигари Узбекистон Шермуҳаммад Ҷандреев рӯбарӯ шуд. Дар чаҳор дақиқаи замони асосии рақобат ғолиб маълум нашуд. Ҳарду дутоӣ танбеҳ гирифтанд. Дар замони изофа барои имтиёзи тиллоӣ ба рақиби Комроншоҳ “шидо”-и сеюм дода шуд. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ Устопириён ғолиби мусобиқа дар вазни то 90 кило гардид.

Темур Раҳимов бошад, дар вазни беш аз 90 кило вориди рақобат шуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Давлатҷон Назриев (Тоҷикистон) дастболо гардид. Дар даври чорякниҳоӣ варзишгари Беларус Богдан Войтсикро мағлуб кард. Дар нимфинал бар намояндаи Узбекистон Шоҳруххон Бахтиёров ғолиб омад. Раҳимов дар финал гуштигири Русия Антон Брачевро дар муддати кӯтоҳ шикаст дод ва дар вазни сангинтарин ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило Дилшодбек Юлдошев аз Узбекистон бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар даврҳои муқаддамотӣ бар се паҳлавони тоҷик - Худобахш Сулаймонов, Саидбек Ҷорубов ва Масъуди Аҳмадзод ғалаба карда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар чорякфинал варзишгари дигари тоҷик – Фаррух Ҳалимовро шикаст дод.

Юлдошев дар даври ниманиҳоӣ бар ҳамватанаш Муҳриддин Тилолов пирӯз шуд ва ба финал баромад. Паҳлавони узбек дар қувваозмоии ҳалкунанда бар Фирӯз Мелибойзода, гуштигири тоҷик, пирӯзӣ ба даст овард ва ғолиби мусобиқа дар вазни то 66 кило гардид.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа паҳлавони тоҷик Умар Расулов дар вазни то 81 кило мақоми аввалро касб кард. Ӯ ба рақобат аз даври дуюм пардохт ва ба ҳамватани худ Мансур Мирализода ғолиб омад. Дар даври баъдӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Наврӯз Каримзодаро мағлуб кард.

Умар дар даври чорякниҳоӣ бо варзишгари тоҷиктабори Русия - Шодмон Ризоев вориди рақобат шуд. Қувваозмоӣ бо ғалабаи Расулов ба поён расид. Умар дар даври ниманиҳоӣ Хусрав Аламови ҳамдиёрашро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Умар Расулов дар финал бар Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон) ғолиб омад ва дар вазни то 81 кило барандаи медали тилло шуд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа мукофоти молӣ тақдим гардид. Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000 сомонӣ супурда шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа

Вазни то 66 кг
1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (Узбекистон)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Тоҷикистон)
3. Орифҷон ДОДОВ (Tоҷикистон)
3. Абубакр БОҚИЕВ (Tоҷикистон)

Вазни то 81 кг
1. Умар РАСУЛОВ (Tоҷикистон)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (Tоҷикистон)
3. Шодмон РИЗОЕВ (Русия)
3. Хусрав АЛАМОВ (Tоҷикистон)

Вазни то 90 кг
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Tоҷикистон)
2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (Узбекистон)
3. Исроил РАҲИМОВ (Tоҷикистон)
3. Достон МЕЛИЕВ (Узбекистон)

Вазни +90 кг
1. Темур РАҲИМОВ (Tоҷикистон)
2. Антон БРАЧЕВ (Русия)
3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (Узбекистон)
3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (Узбекистон)

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Дар мусобиқаи ҳаштум дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Тоҷикистон бо касби 9 медал (3 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Узбекистон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Русия, ки соҳиби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардид, ҷойи севумро азони худ кард.
XS
SM
MD
LG