Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби аз кор мондани Facebook дар Тоҷикистон муайян шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати Facebook гуфт, мушкилоти ахир дар кори ин шабакаи иҷтимоӣ дар пайи нуқс ё мушкили техникие пеш омадааст. Муҳандисон гуфтаанд, шабака баъд аз ворид кардани тағйирот ба баъзе аз бахшҳо аз кор монд.

Намояндагони Facebook барои пеш омадани ин мушкил аз корбарони шабака узр пурсидаанд.

Дар натиҷа, арзиши саҳмияҳои ширкати Facebook 5 дарсад поин рафта, ба иттилои Bloomberg, худи бунёдгузори шабака Марк Зукерберг беш аз 6 миллиард доллар зарар дидааст.

Рӯзи 4-уми октябр дар кори шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони WhatsApp мушкил пеш омад. Корбарон дар бораи вуҷуди мушкил дар кори шабакаҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, гузориш доданд.

Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони WhatsApp дар Тоҷикистон маъруфанд.

XS
SM
MD
LG