Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умар Расулов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи VIII байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, паҳлавони тоҷик Умар Расулов дар вазни то 81 кило ғолиб шуд.

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум баргузор шудааст, ба ҷуз аз ҷудокорони тоҷик, варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Русия Узбекистон ва Эрон аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардҳо рақобат мекунанд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳо дар вазни то 81 кило сурат гирифт ва бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Умар Расулов хотима ёфт. Ӯ ба рақобат аз даври дуюм пардохт ва ба ҳамватани худ Мансур Мирализода ғолиб омад. Дар даври баъдӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Наврӯз Каримзодаро мағлуб кард.

Умар дар даври чорякниҳоӣ бо варзишгари тоҷиктабори Русия - Шодмон Ризоев вориди рақобат шуд. Қувваозмоии ҷолиб бо ғалабаи Расулов ба поён расид. Умар дар даври ниманиҳоӣ Хусрав Аламови ҳамдиёрашро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Умар Расулов дар финал бар Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон) ғолиб омад ва дар вазни то 81 кило барандаи медали тилло шуд. Фарҳодов бо медали нуқра, Шодмон Ризоев ва Хусрав Аламов бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило Дилшодбек Юлдошев аз Узбекистон ғолиб шуд. Ӯ дар даврҳои муқаддамотӣ бар се паҳлавони тоҷик - Худобахш Сулаймонов, Саидбек Ҷорубов ва Масъуди Аҳмадзод ғалаба карда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар чорякфинал варзишгари дигари тоҷик – Фаррух Ҳалимовро шикаст дод.

Юлдошев дар даври ниманиҳоӣ бар ҳамватанаш Муҳриддин Тилолов пирӯз шуд ва ба финал баромад. Паҳлавони узбек дар қувваозмоии ҳалкунанда бар Фирӯз Мелибойзода, гуштигири тоҷик, пирӯзӣ ба даст овард ва ғолиби мусобиқа дар вазни то 66 кило гардид.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа мукофоти молӣ тақдим гардид. Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000 сомонӣ супурда шуд.

Натиҷаҳои вазни то 66 кг:

1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (Узбекистон)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Тоҷикистон)
3. Орифҷон ДОДОВ (Tоҷикистон)
3. Абубакр БОҚИЕВ (Tоҷикистон)
5. Муҳриддин ТИЛОЛОВ (Узбекистон)
5. Фаррух ҲАЛИМОВ (Тоҷикистон)

Натиҷаҳои вазни то 81 кг:

1. Умар РАСУЛОВ (Tоҷикистон)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (Tоҷикистон)
3. Шодмон РИЗОЕВ (Русия)
3. Хусрав АЛАМОВ (Tоҷикистон)
5. Ҳамроз РАҶАБОВ (Tоҷикистон)
5. Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (Tоҷикистон)

Барномаи мусобиқа:

5-уми октябр (сешанбе)

Қувваозмоиҳо дар ду вазн: -90 кг, +90 кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 09:30-15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Мусобиқаи VII байналмилалӣ, ки моҳи октябри соли 2019 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии гуштигирони тоҷику узбек ба поён расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 250 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Мусобиқаи аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон доир гардид. Дар чаҳор вазн гуштигирон аз Узбекистон ва дар се вазн паҳлавонони тоҷик ғолиб омаданд.

Дар ҳисоби дастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 17 медал (3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Қазоқистон, ки соҳиби як медали биринҷӣ гардид, ҷойи севумро азони худ кард.

XS
SM
MD
LG