Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии пешсафони мусобиқаи лигаи олӣ – "Истиқлол" ва "Хуҷанд" - бидуни гол хотима ёфт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои даври 22-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 2-юм ва 3-юми октябр баргузор шуданд.

Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқа - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 0:0 ба анҷом расид. “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 52 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 42 имтиёз зинаи дувумро касб намудааст.

Дар бозии дигар Клуби марказии варзишии артиш (КМВА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар меҳмонӣ “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. КМВА бо 36 имтиёз мавқеашро дар зинаи севум мустаҳкам намуд.

«Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба шарофати голи аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ задаи Саидмухтор Азимов дастаи мизбон - «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи дастаи меҳмон - «Эсхата»-и Хуҷанд - 5 голи беҷавоб зад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ ба тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври 23-юми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бинобар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Дубай дертар - рӯзҳои 15-16-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 22-юм

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 0:0

3 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1500 тамошобин.

«Файзканд» – КМВА – 1:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 37 (1:0). Комрони Мирзохон, 42 (1:1). Фирӯз Бобиев, 43 (1:2). Люк Менҷана Леонел, 68 (1:3).

3 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Равшан» – «Душанбе» – 2:0

Голҳо: Далер Шомуродов, 59 – аз пеналти (1:0). Ҳасан Рустамов, 62 (2:0).

2 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошобин.

«Кӯктош» – «Эсхата» – 5:0

Голҳо: Насимҷон Маҳмадиев, 9 (1:0). Азизбек Султонов, 44 – аз пеналти (2:0). Насимҷон Маҳмадиев, 58 (3:0). Муҳиддин Одилов, 75 (4:0). Азизбек Султонов, 87 (5:0).

2 октябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 3000 тамошобин.

«Хатлон» – «Истаравшан» – 0:1

Гол: Саидмухтор Азимов, 62 – аз пеналти.

2 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 800 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

21

16

4

1

57-7

52

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

13

3

5

43-21

42

3

КМВА (Душанбе)

22

10

6

6

33-26

36

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

22

9

5

8

24-22

32

5

«Хатлон» (Бохтар)

22

8

5

9

23-27

29

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

8

3

11

29-40

27

7

«Равшан» (Кӯлоб)

22

6

8

8

22-26

26

8

«Файзканд» (Восеъ)

22

5

5

12

15-29

20

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

22

5

5

12

31-50

20

10

«Душанбе» (Душанбе)

22

4

6

12

21-50

18

Голзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 тӯб, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-тӯбӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-тӯбӣ.

Даври 23-юм

15 октябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истаравшан» – «Равшан»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Душанбе» – «Файзканд»

16 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Эсхата» – «Истиқлол»

КМВА – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG