Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони узбек барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд


Мусобиқаи VIII байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 3-юми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо рақобатҳои гуштигирон дар вазни то 66 кило шуруъ шуд.

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум баргузор шудааст, ба ҷуз аз ҷудокорони тоҷик, варзишгарон аз Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Русия ва Беларус ширкат меварзанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардҳо баргузор мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазни то 66 кило сурат гирифт ва бо пирӯзии Дилшодбек Юлдошев аз Узбекистон хотима ёфт. Ӯ дар даврҳои муқаддамотӣ бар се паҳлавони тоҷик - Худобахш Сулаймонов, Саидбек Ҷорубов ва Масъуди Аҳмадзод ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Дар чорякфинал варзишгари дигари тоҷик – Фаррух Ҳалимовро шикаст дод.

Юлдошев дар даври ниманиҳоӣ бар ҳамватанаш Муҳриддин Тилолов ғалаба кард ва ба финал роҳ ёфт. Паҳлавони узбек дар қувваозмоии ҳалкунанда бар Фирӯз Мелибойзода, гуштигири тоҷик, дар дақиқаи дуюм пирӯз шуд ва ғолиби мусобиқа дар вазни то 66 кило гардид.

Натиҷаҳои вазни то 66 кг:

1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (Узбекистон)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Тоҷикистон)
3. Орифҷон ДОДОВ (Tоҷикистон)
3. Абубакр БОҚИЕВ (Tоҷикистон)
5. Муҳриддин ТИЛОЛОВ (Узбекистон)
5. Фаррух ҲАЛИМОВ (Тоҷикистон)

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои 3-юм 5000 сомонӣ муқаррар шудааст.


Барномаи мусобиқа:

4-уми октябр (душанбе)

Қувваозмоиҳо дар вазни то 81 кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 10:00-14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

5-уми октябр (сешанбе)

Қувваозмоиҳо дар ду вазн: -90 кг, +90 кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 09:30-15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Мусобиқаи VII байналмилалӣ, ки рӯзҳои 2-4-уми октябри соли 2019 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии гуштигирони тоҷику узбек ба поён расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 250 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Мусобиқаи аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон доир гардид. Дар чаҳор вазн гуштигирон аз Узбекистон ва дар се вазн паҳлавонони тоҷик ғолиб омаданд.

Дар ҳисоби дастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 17 медал (3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Қазоқистон, ки соҳиби як медали биринҷӣ гардид, ҷойи севумро азони худ кард.

XS
SM
MD
LG