Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои Расул Боқиев маълум шуданд


Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ
Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ

Рӯзҳои 28-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо барои дарёфти ҷоизаҳои барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 7 вазн миёни мардон сурат гирифт.
Дар мусобиқа 92 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони аввалин мусобиқаи бози ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

Вазни -60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Душанбе-2)
2. Акбар ХОҶАЕВ (Хатлон-1)
3. Муҳаммадризо ҚУВВАТОВ (Душанбе-1)
3. Сомон АЛАМОВ (Хатлон-1)

Вазни -66 кг
1. Абубакр Боқиев (Хатлон-1)
2. Фаррух ҲАЛИМОВ (Душанбе-2)
3. Муслимбек КАРИМОВ (Хатлон-1)
3. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Хатлон-1)

Вазни -73 кг
1. Наврӯз КАРИМЗОДА (Душанбе-2)
2. Алӣ БОҚИЕВ (Хатлон-1)
3. Бахтиёр БОЗОРОВ (Душанбе-1)
3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ (Душанбе-1)

Вазни -81 кг
1. Умар РАСУЛОВ (ШНТМ)
2. Сиёвуш АЗИЗОВ (Хатлон-1)
3. Ҳайдар САЙКАБИРЗОДА (Душанбе-2)
3. Муин ТАҒОЙЗОДА (ШНТМ)

Вазни -90 кг
1. Раҷабалӣ МУҲАММАДИЕВ (Хатлон-1)
2. Муҳсин МУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Сомон КИШВАРОВ (Душанбе-2)
3. Абдулло АБДУЛЛОЕВ (ШНТМ)

Вазни -100 кг
1. Меҳроб ТАҒОЙМУРОДОВ (Душанбе-2)
2. Саймуъмин АЛИЕВ (Хатлон-1)
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе-1)
3. Эмом КАМОЛОВ (Душанбе-2)

Вазни +100 кг
1. Озодбек ҶӮРАЕВ (Душанбе-1)
2. Умед КАМОЛОВ (Душанбе-1)
3. Файзалӣ ЯХШИБЕКОВ (Душанбе-1)
3. Толибҷон ТОИРОВ (Душанбе-1)

Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Нозукиҳои гуштигириро аз падараш – мураббии варзида Худойназар Боқиев омӯхтааст.

Расул Боқиев
Расул Боқиев

Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи ҷудо дар вазни -73 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразилия), медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст. Бояд зикр намуд, ки то ҳоло ягон ҷудокори варзишгари дигари тоҷик дар риштаи ҷудо ба мисли Расул Боқиев дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст.

Расул Боқиев феълан дар Русия кору зиндагӣ дорад. Боқиев бо Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.

XS
SM
MD
LG