Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самбочиёни тоҷик барои ҷоизаҳои президенти Тотористон мубориза мебаранд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои Ҷоми президенти Тотористон, ки рӯзи якшанбе, 3-юми октябр, дар шаҳри Қазон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми октябр хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” “Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тотористон”иштироки ҳудуди 150 варзишгар аз наздики 15 кишвар дар назар аст. “Мусобиқа дар Қасри муҳорибаҳои якҳарбаи «Ак-Барс» оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. Ҳудуди 20 варзишгари мо дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар ҳамаи дараҷаи вазнӣ ширкат меварзанд: 58, 64, 71, 79, 88, 98, 98+ кг», - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Мабғағи умумии ҷоизаҳои молӣ барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи мазкур 2 миллиону 310 ҳазор рубли русиягиро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 50 000, ҷойи 2-юм – 30 000, ҷойи 3-юм – 15 000 рубли русиягӣ.

"Ҷоми президенти Тотористон барои ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ як давраи омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мардону занон, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбекистон Тошканд - баргузор мешавад, ба шумор меравад”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ.

Бунёди ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷаҳон 231 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои медали тилло 4000 доллар, барои медали нуқра 3000 ва барои медали биринҷӣ 2000 доллар муқаррар гаштааст.

Ин аввалин қаҳрамонии ҷаҳон хоҳад буд, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон ва 7 вазн оид ба самбои размӣ, дар умум 21 маҷмӯи медалҳо, сурат мегирад. Соли 2020 қувваозмоиҳо аз рӯи 27 вазн доир гардида буд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тотористон, ки соли гузашта дар шаҳри Қазон баргузор шуда буд, Субҳон Юсуфов, варзишгари тоҷик, дар вазни то 74 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG