Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон натавонист ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёбад


Рақобат миёни дастаҳои мунтахаби занони футболи Тоҷикистон ва Ветнам.
Рақобат миёни дастаҳои мунтахаби занони футболи Тоҷикистон ва Ветнам.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ветнам бо ҳисоби бузурги 0:7 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.

Бозии даври севум ва охирини мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ветнам шоми чоршанбе, 29-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ветнамиҳо дар нимаи аввали дидор ду гол ва дар нимаи дувум панҷ гол ба самар расониданд, ки яктоаш аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ буд.

Бозӣ комилан дар нимаи майдони мизбонон гузашт. Футболбоздухтарони тоҷик ба рақиби пурқуввату пуртаҷрибаи худ натавонистанд муқобилият нишон диҳанд. Онҳо дар тамоми ҷараёни бозӣ ба сӯи дарвозаи меҳмонон ягон бор зарба ҳам назаданд.

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сайёра Саидова чандин маротиба тӯбҳои аз масофаҳои наздик задаи бозигарони ветнамиро баргардонд, вагарна ҳисоб аз ин ҳам калонтар мешуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи гурӯҳи ”В” дастаи Молдивро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд. Мунтахаби Ветнам бошад, ба дарвозаи тими Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ветнам бо шаш имтиёз дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд. Ветнамиҳо дар ду бозӣ ба дарвозаи рақибонашон 23 гол зада, аз дарвозаи худ гол сар надоданд. Мунтахаби Ветнам бори сездаҳум ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев бо се имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 4-7) дувум шуд ва натавонист вазифаи дар назди даста гузошта - ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанро - иҷро намояд. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон ягон маротиба дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок накардааст.

Дастаи мунтахаби занонаи Индонезия дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «С», ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, ғолиб омад ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Мунтахаби Индонезия дар бозии дувуми мусобиқаи интихобӣ дастаи Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бозии аввал низ бо ҳамин ҳисоб ба нафъи индонезиягиҳо хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, футболбоззанони Индонезия ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Молдив – Ветнам – 0:16

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Тоҷикистон Молдив 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Лайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Ветнам – Тоҷикистон – 7:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Ветнам

2

2

0

0

23-0

6

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

4-7

3

3

Молдив

2

0

0

2

0-20

0

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Сингапур – Индонезия – 0:1

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Индонезия – Сингапур – 1:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Индонезия

2

2

0

0

2-0

6

2

Сингапур

2

0

0

2

0-2

0

XS
SM
MD
LG