Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико: "Пароканда шудани артиши Афғонистон ҳамаи моро ғофилгир кард"


Ллойд Остин
Ллойд Остин

Вазири дифои Амрико рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки фурӯпошии артиши Афғонистон Пентагонро ғофилгир кард. Рӯзи 15-уми август "Толибон" вориди шаҳри Кобул шуда, баъди 20 сол дубора қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Бо расидани "Толибон" ба дарвозаҳои Кобул, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кишвар фирор кард.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, дар нишасти Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико ба иштибоҳҳое дар дарозтарин ҷанги Амрико ва ҳамчунин фасоди густурда дар миёни мақомоти Афғонистон таъкид кард.

Вай изҳор дошт, "воқеият ин аст, ки суқути артиши Афғонистон бо вуҷуди омӯзишҳое, ки дида буданд, ҳамаи моро ғофилгир кард. Зеро дар мавридҳои бисёр ҳатто як тир ҳам холӣ карда нашуд".

Изҳороти вазири дифои Амрико оғози як нишасти суолу ҷавоби дурӯза дар Конгресси Амрико аст ва интизор меравад яке аз баҳсбарангезтарини ин ҷаласаҳо дар робита ба беназмӣ ва ҳарҷу марҷ дар рӯзҳои поёнии ҷанг дар Афғонистон бошад. Ҷанге, ки дар он садҳо сарбоз ва ғайринизомии амрикоӣ кушта шуданд ва дар ниҳоят "Толибон" бори дигар қудратро гирифтанд.

Кумитаи низомии Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе аз фармондеҳони низомӣ дар ин бора суол мекунад ва дар ин байн, ҷумҳурихоҳон умедворанд, ки хатоҳои эҳтимолии Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар чигунагии поён додан ба ҷанги Афғонистон ошкор шавад.

Ин нишаст ду ҳафта пас аз дифои сарсахтонаи Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз тасмими ҳукумат дар Конгресс баргузор мешавад. Шуморе аз намояндагони Конгресс дар ҷаласаи ду ҳафта пеш хоҳони истеъфои Блинкен шуданд.

Вазири дифои Амрико дар ҷаласаи рӯзи сешанбе гуфт, аз коркунони амрикоӣ, ки кӯмак карданд 124 ҳазор афғон аз тариқи ҳаво аз Афғонистон берун шаванд, сипосгузорӣ аст. Дар амалиёти берун кардани афрод аз Афғонистон, дар пайи як таркиши интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул 13 сарбозӣ амрикоӣ ва даҳҳо шаҳрванди Афғонистон ҷон бохтанд.

Амрико рӯзи 31-уми август охирин сарбозашро аз Афғонистон берун бурд ва ба ҷанги бистсолааш дар ин кишвар поён дод. Дубора ба қудрат расидани Толибон нигарониҳоро дар бораи тақдири ояндаи Афғонистон бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG