Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021 дар Тошканд ташхиси COVID-19 ҳатмӣ хоҳад буд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, ҳар узви дастаи мунтахаб аз ташхиси мунтазами ҳатмии COVID-19 хоҳад гузашт. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) низомномаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳар иштироккунанда на кам аз 48 соат то парвоз дар кишвари худ бояд тести COVID-19 супорад. Тести дуюм як рӯз қабл аз мусобиқа ва тести сеюм як рӯз пеш аз парвоз аз Тошканд супорида хоҳад шуд.

FIAS бовар дорад, ки чорабиниро бе ба қайд гирифтани COVID-19 мегузаронад, мисли қаҳрамонии соли гузашта, ки дар Нови Сади Сербистон доир гардида буд.

Бунёди ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷаҳон низ дар низомнома зикр шудааст. Маблағи умумӣ 231000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои медали тилло 4000 доллар, барои медали нуқра 3000 ва барои медали биринҷӣ 2000 доллар муқаррар гаштааст.

Ин аввалин қаҳрамонии ҷаҳон хоҳад буд, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон ва 7 вазн оид ба самбои размӣ, дар умум 21 маҷмӯи медалҳо, сурат мегирад. Соли 2020 қувваозмоиҳо аз рӯи 27 вазн доир гардида буд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 5-8-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Нови-Сади Сербистон баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ), инчунин миёни наврасон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали нуқраро Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило ба даст овард. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Хушқадам Хусравов дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ гирифт.

Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербиcтон дар риштаи самбои варзишӣ миёни наврасон Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон доир гардид, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд.

XS
SM
MD
LG