Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи занонаи Индонезия ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт


Дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Индонезия дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «С», ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, ғолиб шуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Мунтахаби Индонезия дар бозии дувуми мусобиқаи интихобӣ дастаи Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бозии аввал низ бо ҳамин ҳисоб ба нафъи индонезиягиҳо хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, футболбоззанони Индонезия ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳхат гирифтанд.

Дар Душанбе ҳамзамон мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» ҷараён дорад. Танҳо як бозӣ боқӣ мондааст. Рӯзи чоршанбе, 29-уми сентябр, ғолиби гурӯҳи «В» муайян хоҳад шуд. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими миллии Ветнам вориди рақобат мешавад. Барои ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» дастаи Молдивро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 26 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Лайло Ҳалимова ду гол, Некӯбахт Худододова ва Наталя Сотникова якголӣ ба самар расониданд.

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи «В» мунтахаби Ветнам ба дарвозаи дастаи Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад.

Юсуф Рабиев, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфтан аст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Молдив – Ветнам – 0:16

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Тоҷикистон Молдив – 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Лайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

26 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Ветнам

1

1

0

0

16-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-0

3

3

Молдив

2

0

0

2

0-20

0

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Сингапур – Индонезия – 0:1

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Индонезия – Сингапур – 1:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Индонезия

2

2

0

0

2-0

6

2

Сингапур

2

0

0

2

0-2

0

XS
SM
MD
LG