Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия, Аргентина, Қазоқистон ва Португалия ба ниманиҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021 роҳ ёфтанд


Дастаи футзали Эрон мусобиқаро тарк кард.
Дастаи футзали Эрон мусобиқаро тарк кард.

Рӯзҳои 26-27-уми сентябр дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 оид ба футзал, ки дар Литва ҷараён дорад, чор бозии даври чаҳорякниҳоӣ баргузор шуд ва аз рӯи натиҷаҳои чорякфинал дастаҳои мунтахаби Бразилия, Аргентина, Қазоқистон ва Португалия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, вале тимҳои Марокаш, Русия, Эрон ва Испания мусобиқаро тарк мекунанд.

Панҷ сол пеш дар финали қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2016 дар Колумбия дастаҳои мунтахаби Русия ва Аргентина бозӣ карда буданд. Аргентиниҳо ғолиб омада, қаҳрамони ҷаҳон шуданд.

Ҳоло ин дастаҳо дар марҳилаи чорякниҳоӣ рақобат карданд. Ҳисоб дар бозии дирӯза дар дақиқаи 25-ум боз шуд. Аргентинӣ Леандро Сузсолино тӯбро ба ҳадаф расонд. Мунтахаби Русия дар дақиқаи 35 -ум тавонист ҳисобро баробар кунад. Артём Антошкин бо зарбаи дақиқ гол зад.

Дар замони боқимонда ва изофа ҳисоб тағйир наёфт, бозӣ ба силсилаи пеналтӣ расонида шуд, ки дар он бозигарони аргентинӣ қавитар баромаданд - 5: 4. Тими миллии Русия мусобиқаро тарк мекунад.

Дар чорякфинали дигар Бразилия Марокашро мағлуб кард. Бразилиҳо тавонистанд танҳо як гол зананд: дар дақиқаи 11-ум Родриго бо зарбаи мустақими ҷаримавӣ тӯбро ба нишон расонд - 1: 0.

Рӯзи 27-уми сентябр ду бозии дигари чорякниҳоӣ баргузор шуд.
Тими миллии Қазоқистон бо Эрон бозӣ кард. Нимаи аввал пурра дар ихтиёри эрониҳо монд, Муслим Оладгобод ва Аҳмад Исмоилпур ба дарвозаи Ҳигута ду гол заданд. Пас аз танаффус, Даурен Турсагулов бо дарвозабони рақиб як ба як баромада, тӯбро вориди дарвоза кард. Дар 15 дақиқаи боқимонда қазоқҳо ҳуҷум карда, муваффақ шуданд. Арнолд Кнауб ҳисобро баробар кард ва Тинан Қазоқистонро ба нимфинал баровард - 3: 2.

Дар бозии дигари даври чорякниҳоӣ дастаҳои Португалия ва Испания рақобат карданд. Замони асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Дар замони изофа португалиҳо қавитар буданд - 4:2.

Дар дақиқаи 22-юми дидор испаниҳо бо талошҳои Адолфо Фернандес ҳисобро кушоданд ва баъди як дақиқа Адри Мартинес ҳисобро афзун кард. Дар дақиқаи 31-ум Андре Коэлю бо интиқоли Рикардино фарқияти ҳисобро коҳиш дод ва дар дақиқаи 36-ум Зикки голи дувуми португалиҳоро ба ҳадаф расонд.

Дар замони изофа Хосе Райя тӯбро ба дарвозаи худ зад ва Пани ҳисоби ниҳоиро муқаррар сохт - 4:2 ба фоидаи Португалия.

Ҳамин тариқ, дар нимфинал Бразилия ва Аргентина (29-уми сентябр), Қазоқистон ва Португалия (30-юми сентябр) бозӣ мекунанд.

Бозӣ барои ҷойи севум ва финали қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021 рӯзи 3-юми октябр дар назар аст.

Қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021, 1/4 финал

26 сентябр (якшанбе)

Марокаш - Бразилия - 0:1
Гол:
Родриго, 11.

Русия - Аргентина - 1:1 (аз рӯи пеналти - 4:5)
Голҳо:
Артём Антошкин, 35 - Леандро Кутсолино, 25.

27 сентябр (душанбе)

Эрон — Қазоқистон - 2:3 (2:0)
Голҳо: Оладгобод, 8 (1:0), Исмоилпур, 15 (2:0), Турсагулов, 25 (2:1), Кнауб, 30 (2:2), Тайнан, 39 (2:3).

Испания – Португалия – 2:4 (замони асосӣ - 2:2, замони изофа – 0:2)

Голҳо: Арнолдо Фернандес, 22 (1:0), Адри Мартинес, 23 (2:0), Андре Коэлю, 31 (2:1), Зикки, 36 (2:2), Хосе Райя, замони изофа – ба дарвозаи худ (2:3), Пани, замони изофа (2:4).

XS
SM
MD
LG